АШТ: МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА БА НОҲИЯ САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОД.

 673 боздид

07.12.2022

Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини раиси вилоят оид ба масоили кишоварзӣ Зариф Мирдадо ва директори беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмонро истиқбол гирифтанд.

Дар оғоз муовини Сарвазир бо роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар даромадгоҳ суҳбати сарироҳӣ  анҷом дод. Зимни мулоқот Сулаймон Зиёзода Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзодаро барои иҷрои дурнамои пахта ва ҳосилнокии баланд табрик намуд:

-“Дар замони Шӯравӣ агар ҳосилнокии баланд аз ҳар гектар майдони пахта то 17-18 сентнерро ташкил дода бошад, мардуми ноҳия ин нишондиҳандаро то 29,1 сентнер боло бурданд. Бояд гуфт, ки то ин дараҷа ҳосилнокии баланд дар ягон шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст. Мардуми меҳнаткаши ноҳия тавонистанд бо меҳнати содиқона аз  ҳар ваҷаби замин пурсамар истифода намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёниданд.”

Дар идома гуфта шуд, ки ин ҳама дастъовардҳо маҳз туфайлӣ сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳия ба майдони 6323 гектар пахта кишт гардида, то имрӯз наздик 18 ҳазору 400 тонна “тиллои сафед” ба хирмани ноҳия рехта шуд ва ин раванд идома дорад.

Дар доираи сафари корӣ Сулаймон Зиёзода аз пойгоҳҳои обкашии  АНС 1, 2 ва сехи токарии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия Ашт шинос шуд. Барои комилан омода намудани агригати обкашӣ ба масъулин дастур дод.

Сипас, меҳмонон аз бунёди коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркади нахи пахта дар як шабонарӯз 15 тонна дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд. Иқтидори коргоҳи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, 200 нафар бонувон ва сокинон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода ба Сулаймон Зиёзода оид ба  рафти азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, омодагӣ ба кишти мавсими навбатӣ, саривақт ҷамъоварии ҳосили кишт, таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифати худӣ маълумот дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.