Санаи 25 — уми феврали соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ошоба намоиши омодагии техникаҳои кишоварзӣ ва навъҳои гуногуни ҷигит барои кишти баҳории соли 2022 баргузор гардид.
Дар намоиш Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат намояндагони масъули Сарраёсати кишоварзии вилоят, масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ, раисон ва кишоварзони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Зимни намоиш ҳозирин ба вазъи омодагии техникаҳои кишоварзӣ барои кишти соли 2022 баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тавсияҳои муфид дода шуд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳамагӣ 612 адад тракторҳои гуногунтамға новобаста аз шакли моликияташон мавҷуд буда, 496 адад омода мебошад, ки 81 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, нармкунанда 154 адад (омода 137 адад – 89%), тухмипошакҳо 80 адад (омода 73 адад – 91,3%), тухмипошакҳои пахта 74 адад (омода 72 адад – 97,3%) инчунин 8 адад тухмипошакҳои дақиқ истеҳсоли давлатҳои Чин, Туркия ва Эрон омодаи кор мебошанд.
Зикр гардид, ки ҳамаи техникаҳои кишоварзӣ бо аккумулятор, чароғҳои равшанидиҳанда ва доруқуттиҳо таъмин карда шуда, сифати таъмири техникаҳо хуб буда, танзими тухмипошакҳо аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ дуруст ба роҳ монда шудааст ва механизаторон бо либосҳои махсус таъмин карда шудаанд.
Дар охир механизаторони беҳтарин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.