АШТ: Баргузории машқҳои ғайринақшавӣ вобаста ба эътино, пешгирӣ, маълумотноки аҳолӣ, кам кардани ҳаҷми хатар, ҳисорот ва талафоти шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Ашт.

 245 боздид

Ҷиҳати иҷрои барқияи фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд аз 3 феврали соли 2022, №9 субҳи имрӯз дар деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт вобаста бо мақсади эътино, пешгирӣ, маълумотнокии аҳолӣ, кам кардани ҳаҷми хатар, ҳисорот ва талафоти шаҳрвандон аз офатҳои табиӣ машқҳои ғайринақшавӣ баргузор гардид.
Дар машқҳои ғайринақшавӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовини Раиси ноҳия сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони якқатор сохторҳои дахлдор, роҳбарияту кормандони Ҷамоати деҳоти Ашт ва сокинони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Роҳбарияти ноҳия зимни баромади хеш қайд намуд, ки мақсади асосии мо фаҳмонидани ҳолатҳои фавқулодда дар вақти боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел дар сойҳо ба ҳисоб меравад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар ҳолати рух додани чунин ҳолатҳо шаҳрвандон бояд кадом корҳоро амалӣ намоянд.
Вазифаи асосии баргузории чорабиниҳо ин пеш аз ҳама кам кардани ҳаҷми зарар ва талафотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Дар асоси ин талаботҳо бояд аз ҷониби кумитаи маҳаллаҳо, Ҷамоат ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани селроҳаҳои хавфноки дар ҳудуди ҷамоат мавҷудбуда корҳо ба анҷом расонида шавад. Дар ин минтақаҳо бо истифода аз техникаҳо ва қувваи кории сокинон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз семент ва арматура ба иқро расонида шавад.
Барои пешгирӣ ва фаҳмонидани ҳодисаҳои нохуши фалокатовар раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони ҷамоат оиди корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ва эътинои фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
Имрӯз дар асоси барнома мо лоиҳаи барқарорсозӣ ва мустаҳкам намудани соҳили сойи мавзеи имрӯзаро, ки поёнтар аз ҷойи чорабинӣ майян карда шудааст пешниҳод менамоем. Дар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда, ки аз ҷониби корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” дар ноҳия омода карда шуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод ва тасдиқ мегардад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои баргузории чорабиниҳо сӯзишвории дизелӣ ва техникаи корӣ сафарбар карда шудааст. Тайи се рӯз аст, ки корҳо дар ин минтақаҳои хавфнок идома дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия умед ба он дорад, ки сокинони ҷамоат аз натиҷаи ин машқҳо бархурдор мегарданд ва ҳар сол дар мӯҳлатҳои муайяншуда барои барқарор, пешгирӣ ва ба низом овардани маҷрои селроҳаҳо дар дигар деҳаҳо ва маҳаллаҳо чораҳо меандешанд.
Дар машқҳои ғайринақшавӣ хадамотҳои ноҳиявӣ хадамоти тиб, барқ, роҳ, санитарӣ эпидемологӣ, кумитаи идораи замин, ҳифзи муҳити зист, суғурта, ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар асоси нақшаҳои кории худ амал менамоянд, хулосаҳои худро доир ба пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда пешниҳод менамоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.