АШТ: НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 6 896 боздид
01.02.2023
        Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 баргузор гардид.
     Дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма аз телевизионҳои «АЗИЯ», «Синамо», рӯзномаҳои “Сагдийская правда” , «Нилуфар», «Шуҳрати Ашт», оҷонсии иттиоотии “Азия-плюс” “Суғдниюз”, «Навиди умед» ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия доир ба бурду бохти ноҳия дар соли 2022 баромад намуда, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод:
    Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ашт соли 2022-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Аҳли заҳмат иҷрои ҳамаи нишондиҳандаҳои нақшавии рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳалро барзиёд таъмин намуданд.
        Соли 2022 дар соҳаи саноати ноҳия ба маблағи 323,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2021 75,0 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 130,2% таъмин гардид. Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2022 зикр намуд:
“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” ва татбиқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025”, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст”.
Инчунин, роҳбари ноҳия илова намуд, ки дар ин давра аз 22 корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 20 ададашон фаъолият намуданд ва 18 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Истеҳсоли ҳамаи 17 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда, нисбати соли гузашта зиёд шудааст.
Дар соли гузашта бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ дар ноҳия бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ҳафт коргоҳи саноатии нав таъсис дода шудааст.
Дар соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо дар майдони 261,1 гектар боғоти меваҳои гуногун бунёд карда шудааст, ки баробари 435,1 фоизи нақша аст. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 40,4 гектар боғи интенсивӣ, аз ҷумла 3 гектар себ, 11,4 гектар гелос ва 26,9 гектар зардолу мебошад.
Соли гузашта дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори 10799,8 тонна ғалла, 2462,9 тонна картошка, 11796,4 тонна сабзавот, 2804,5 тонна полезиҳо, 9877,1 тонна меваҷот, 2001,8 тонна ангур, 6415,8 тонна гӯшт, 28509,1 тонна шир, 7 миллиону 982 ҳазор дона тухм, 217,1 тонна пашм, 13,7 тонна пилла, 34,2 тонна асал ва 440,5 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Пахтакорон низ муваффақияти калон ба даст оварданд. Дар ноҳия ба миқдори 18469 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 106,7 фоизи нақшаи солона аст. Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия 29,2 сентнериро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи нақшавӣ 1,8 сентнерӣ зиёд мебошад.
Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар соли 2022 мувофиқи ноҳия ба маблағи 62 млн. 540 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл 64 млн. 958 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки баробари 103,9 фоизи нақша мебошад. Нисбати соли 2021 ба буҷет 13 млн. 11 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 25,8% зиёд маблағ ворид гардидааст.
Ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар соли 2022 ба маблағи 11 млн. 755 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расониданд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2021 32,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиши он баробари 100,3% мебошад.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳи автомобилгарди “Ғафуров –Қаҳрамон – Пунгон то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон” дар масофаи 66 километр ба маблағи 1 миллиону 213 ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда шуд. Дар соли 2022 дар таъмиру тармими байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ низ муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд.
Соли 2022 дар ноҳия 1536 нафар бекорон, аз он ҷумла 1068 нафар занон ба кори доимӣ таъмин карда шуданд. Ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, аз ҳисоби маблағҳои барномаи шуғл ба 48 нафар бекорони дар қайдбуда, 117,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуда, онҳо машғули фаъолиятҳои мухталифи соҳибкорӣ ҳастанд.
Дар сорҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш низ нишондиҳандаҳои назарррас ба даст омадаанд, ки нишонаи мусбати фаъолияти кормандони хоҷагии халқи ноҳия дар татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.”
Баъдан, рӯзноманигорон бо саволҳои худ муроҷиат намуданд:
Обидҷон Каримӣ, сармуҳаррири телевизиони “Синамо”
Савол: Дар бораи вазъи ҳозираи ҶСК “Заводи намаки ноҳияи Ашт” ба киҳо тааллуқ доштани ин корхонаи асосии саноатии ноҳия маълумоти амиқ медодед?
Ҷавоб: ҶСК “Намаки Ашт” яке аз корхонаҳои асосии саноатии ноҳия ба ҳисоб рафта, ба истихроҷ ва коркарди намаки ошӣ машғул мебошад. Дар ҳақиқат, фаъолияти истеҳсолии корхона бо сабаби ба итмом расидани муҳлати “Иҷозатномаи истифодаи захираҳои табиӣ” дар моҳи июли соли 2021 қатъ гардида, дубора аз моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида буд.
Вале бо сабабҳои гуногун, фаъолияти истеҳсолии корхона ба сатҳи соҳаи пешин баромада нарасидааст.
Боиси қайд мебошад, ки дар моҳи ноябри соли 2022, соҳибмулки корхона иваз гардида, ҳоло роҳбарии он аз тарафи соҳибкор Мақсудҷонов Субҳон ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамъбасти соли 2022 дар фаъолияти корхона нисбати соли 2021 як қадар пешравӣ ба даст оварда шудааст. Ба маблағи 2 млн. 53 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбати соли 2021 665 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 48,0% зиёд мебошад.
Ба миқдори 3 ҳазору 462 тонна намак истихроҷ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 3 ҳазору 118 тонна, ё ин ки 10 маротиба зиёд мебошад. Коркарди намаки ошӣ ба 4 ҳазору 661 тонна расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 273 тонна, ё ин ки 6,2% зиёд мебошад.
Солҳои пешин, аз тарафи корхона ба кишварҳои хориҷии ҳамсоя намаки оширо содирот мекард, вале бо сабабҳои болоӣ ин алоқаҳои ҳамкорӣ канда шуданд.
Роҳбарияти нави корхона тасмим гирифтааст, ки барои барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолии корхона ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд. Бо ин мақсад, ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи намак аз хориҷи кишвар (Ҷумҳурии мардумии Чин) таҷҳиҳоти муосир харидорӣ карда шуда, дар моҳҳои наздик ворид мегардад. Пешбинӣ карда мешавад, ки соли 2023 истихроҷи намак ба 10 ҳазор тонна расонида мешавад.
Бо мақсади ба роҳ мондани содироти намак низ корбарӣ оғоз карда шуда, дар моҳи декабри соли 2022 ба Ҷумҳурии Узбекистон ба миқдори 25 тонна намак содирот карда шудааст.
Афзал Босолиев хабарнигорои ШТР “Азия”.
Савол: Содироти хушкмева аз ҷониби ноҳия ба хориҷи кишвар чи гуна аст, хоса зардолуи Ашт?
Ҷавоб: Дар ҳудуди ноҳияи Ашт 18 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, ҳамасола ба хориҷӣ кишвар содирот мегардад. Аммо, се сол аст, ки зардолуии ноҳияи Аштро бо сабаби номусоиди боду ҳаво хунук мезанад ва ин ҳолат ба иқтисодиёти мардум бетаъсир нест.
Умед дорем, ки имсол боду ҳаво мусоид омада ҳосил фаровон мешавад ва барои коркарди зардолу дар ҳудуди ноҳия барои содирот корбарӣ намуда истодаам. Ҳамзамон бо иқдоми соҳибкорони ноҳияи Ашт дар Аморати Муттаҳии Араб , шаҳри Дубай махсусан зардолуи мо ҳамавақт фурӯхта мешавад.
Сармуҳаррири рӯзномаи “Шӯҳрати Ашт”, Таҳмина Мисробӣ.
Савол: Вазъи пойгоҳҳои обкашии ноҳияро чӣ гуна бозгӯ менамоед ва таъмини ин коргоҳ ба мутахассисон дар кадом вазъ аст?
Ҷавоб: Дар асоси маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт мувофиқи нақшаи омодасозии давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ба санаи 30 январи соли 2023 аз 80 адад агрегатҳои пойгоҳҳои обкашӣ 42 адад агрегатҳо ба мавсим тайёр мебошанд, ки ин 53%-и нақшаро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин 8 адад зеристгоҳҳо, 3 адад трансформаторҳо, 5 км хатҳои барқ, 40 адад сулул (ячейка) ба мавсим омода аст. Боқимонда агрегатҳо низ дар арафаи таъмир мебошад ва то мавсими обдиҳии соли 2023 пурра омода карда мешавад.
Савол: Айни ҳол омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дорад?
Ҷавоб: Корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба даъвати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия идома ёфта, омодагӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби масъулини соҳа оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти Комиссари ҳарбии ноҳия захираи умумӣ ба даъвати баҳорона 1307 нафарро ташкил дода, айни ҳол гурӯҳ нафар омодаи сафарбарӣ мебошанд.
Сиддиқов Юунусалӣ, корманди рӯзномаи “Шӯҳрати Ашт”.
Савол: Дар давоми соли 2022 чанд нафар аз ноҳия баромада рафтанд ва чанд нафар нафақахӯронанд?
Ҷавоб: Дар давоми соли 2022 аз ҳудуди ноҳия 12 737 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар равона шудаанд, ки аз онҳо 8 427 нафар мардҳо ва 4 310 нафар занҳо мебошанд. Дар давраи ҳисобӣ миқдори муҳоҷирони меҳнатии ноҳия, нисбати ҳамин давраи соли 2021 3 916 нафар зиёд шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатии баргашта дар ин давра ҳамагӣ 10 584 нафар мебошад, аз ҷумла занон 4036 нафар ва мардҳо 6 548 нафар мебошанд.
Дар ноҳия ба санаи ҳисобӣ 13 326 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати нишондиҳандаи аввали соли 2022 580 нафар кам мебошад. Аз шумораи умумии нафақахӯрон, 10 260 нафар нафақахӯрони меҳнатӣ, 319 нафар нафақахӯрони бесаробонмонда ва 3066 нафар гирандагони нафақаи иҷтимоӣ мебошанд.
Мумин Абдулло, корманди “Шӯҳрати Ашт” ва «Суғд Ҳақиқатӣ».
Савол: Имрӯзҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия норасоии кадрҳо вуҷуд доранд, бештар дар кадом соҳаҳо?
Ҷавоб: Дар ҳақиқат дар ноҳия норасогии кадрҳо ба назар мерасад. Аз рӯйи таҳлилҳо дар ҳамаи соҳаҳо кам ё беш мутахассисон намерасанд, аз ҷумла дар соҳаи маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, идораи об, барқ ва идораи роҳ. Асосан норасогии кадр дар самти соҳаи иқтисодиёт, саноат, техникаву технология бештар эҳсос мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, тадбирҳои доимӣ андешида барои ҳавасмандкунии кадрҳои ҷавон иқдомҳои зиёдро амалӣ намуда истодааст.
Мадина Почоева, намояндаи “Сагдийская правда”.
Савол: Барои паст кардани бекорӣ ва таъмин намудани мардум ба шуғли доимӣ?
Ҷавоб: Дар соли 2022 ба мақомоти ноҳиявии шуғл 3015 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд ва аз онҳо 2206 нафар, аз ҷумла 1269 нафар занҳо, ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд. Барои ба кор таъмин намудани бекорон, дар ҳамкорӣ бо корфармоён ба таври мунтазам корбарӣ карда шуда, 1536 нафар бекорон, аз он ҷумла 1068 нафар занон ба кори доимӣ таъмин карда шуданд. Ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, аз ҳисоби маблағҳои барномаи шуғл ба 48 нафар бекорони дар қайдбуда, 117,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуда, онҳо машғули фаъолиятҳои мухталифи соҳибкорӣ гардиданд.
Бо мақсади мусоидат ба шаҳрвандони бекор ва муваққатан ба кор ҷалб намудани бекорон, 100 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, ба корҳои мавсимӣ равона карда шуданд.
Дар соли 2022 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020 — 2022”, 290 нафар бекорон бо назардошти талаботи бозори меҳнат бо роҳхатҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тариқи ройгон ба омодагии касбӣ равона гардиданд, ки аз онҳо 286 нафар занон ва 120 нафар ҷавонон мебошанд.
Дар соли ҳисобӣ дар ноҳия 17 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар онҳо 131 корхона, ташкилоту муассисаҳои кордиҳандаи ноҳия иштирок намуда, 2869 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод намуданд. Ба 243 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 110 нафар занон ва 110 нафар ҷавонон ба кори доимӣ тавсия дода шуда, 178 нафар барои таҳсил ба гурӯҳҳои омӯзишӣ роҳхат гирифтанд.
Робия Розиқова, сармуҳарирри рӯзномаи “Нилуфар”
Савол: Чанд нафар занон дар МИҲД кор мекунанд ва барои боло бардоштани мақоми зан чӣ чораҳо андешида мешавад?
Ҷавоб: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бонувон хеле шароити мусоид фароҳам овардаанд. Мо низ бо пайравӣ аз ибтикори Пешвои муаззами миллат барои хоҳарону модарон имконияти зиёд роҳандозӣ менамоем. Ҳоло дар худи МИҲД ноҳия 40 фоизи кормандонро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то 65 фоизи шумораи коргарон аз ҳисоби бонувон аст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.