АШТ: РАИСИ НОҲИЯ СИТОДИ КОРӢ БАРГУЗОР КАРД.

 1 279 боздид

30.10.2023                                                                                          вақт: мустақим

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди кории Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардид.

Дар кори ситод масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии  вилоят, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва нозири мизи ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода кори ситодро оғоз намуда, вобаста ба  масъалаҳои зерин:

  1. Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №621 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996 — 2005” .
  2. Ҷамъоварии маблағи андоз.
  3. Ҷамъоварии ҳосили пахта-2023.
  4. Маъракаи ободуна-2023

Баъдан, вобаста ба  даъвати тирамоҳӣ муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед доир ба рафти иҷрои даъвати тирамоҳӣ, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Дар давоми ситод Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати тирамоҳӣ баёни андеша намуд:

“Ҳар як ҷавонмарди ба нангу номус бояд ин сарзамини муқаддасро пос дорад. Агар мо ин сарзамини муқаддасро ҳимоя накунем, пас ки ҳимоя мекунад?.  Сулҳ ва оромӣ  худ аз худ ба даст наомадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои беҳисоб Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ба даст оварданд.  Мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм  нигоҳ дорем. Зеро, хизмат ба Ватан  қарзу фарз аст. ”

Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода аз рафти ҷамъоварии  маблағи андоз пурсон шуд.

Рафиқзода Шокир бобати рафти иҷрои маблағи андоз маълумоти муфассал дод. Шӯҳрат Муҳаммадзода баён намуд, ки маблағи музди меҳнат аз андоз аст ва он бояд бе мушкилот сад дарсад иҷро карда шавад.

Дар идома Раиси ноҳия ба масъулон дастур дод, ки роҳбарияти хоҷагӣ бобати бештар ҳавасманд кардани чинакчиён ва дигар саҳмдорон тадбирҳои зарури андешанд.

Супориш дода шуд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намоянд.

Дар фарҷом Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни баромади хеш ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва аёдат ва қадрдонии ҷавонони аз хизмати Модар-Ватан баргашта  ва дигар камбудиҳои ҷойдошта дастур дод.

Дар фарҷом барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Ашт

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.