АШТ: Рушди ҳамкориҳои муфид.

 232 боздид

Санаи 21 — уми январи соли 2022, ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди дуҷониба, ба ноҳия бо роҳбарии директори МД “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” Муҳаммадҷон Ёқубӣ меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон – сардори Раёсати Ассосиатсияи “Ҳунарманд” дар вилояти Фарғона Мирзоахмедов Расулҷон Тунғунбоевич ва сардори Раёсати Ассосиатсияи “Ҳунарманд” дар вилояти Намангон Валиев Ҷаҳонгир Мамадалиевич ташриф оварданд. Мақсади асосии ташрифи меҳмонон шиносоӣ бо ҳолати рушди соҳаи истеҳсоли пашми ангорӣ, коркарди он, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва роҳҳои фурӯши онҳо дар ноҳияи Ашт мебошад.
Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” меҳмонон аз ҷумҳурии ҳамсоя бо намоишгоҳи пашмҳои ангорӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи ҳунармандони ноҳия пешкаши меҳмонон карда шуда буд, шиносоӣ пайдо намуданд. Онҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти коркарди саноатии пашми ангорӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолии ҳунармандон ва роҳҳои фурӯши онҳо ба хориҷи кишвар, мароқ зоҳир намуданд.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия чанд барномаи

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.