АШТ: САХОВАТ БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

 430 боздид

Кормандони шарафманди соҳаи тиб, ки дар сафи пеши мубориза алайҳи бемории сироятии коронавирус қарор доранд ва ҷиҳати рафъи он бо тамоми ҳастӣ заҳмат мекашанд, аз ҷониби ҳамватанони саховатманду солеҳ пайваста дастгирӣ меёбанд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз ба 50 нафар кормандони соҳаи тиб: аз ҷумла, ба кормандони беморхонаи марказии ноҳия (20 нафар), МНДСЭ-и ноҳия (4 н.), КАТС (20 н.), коргоҳи дезинфексиякунӣ (2 н) ва Стансияи ёрии таъҷилӣ (4 нафар) аз ҷониби шахси саховатманд аз деҳаи Бободархони ҷамоати деҳоти Понғоз Муҳаммад Абдувоҳидзода кӯмаки моддӣ (1 халтагӣ орд ва 5 литрӣ равған) расонида шуд.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ арзи сипоси роҳбарияти МИҲД-и ноҳия, ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва сокинони ноҳияро ба фарзанди арзандаи диёр Муҳаммад Абдувоҳидзода расонида, гуфт, имрӯз саломатии табибон ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин будани онҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар, МИҲД-и вилоят ва ноҳия қарор дорад. Заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳаи тибро мо ҳамарӯза ва пайваста қадр менамоем ва сипосгузорем. Аз иқдоми неки ҳамдиёрамон ҷиҳати дастгирии кормандон қаноатманд ҳастем ва бигузор дар ин рӯзҳои неки моҳи шарифи Рамазон ва ҳамчунин давраи ҳассоси рӯзгори инсоният ин амали хайр қабул ва давлати саховатмандон зиёда гардад. Аминем, бо дастгирии ҳамдигар ин вабои асрро низ аз кишвари азизи худ дур хоҳем кард.
МИҲД-и ноҳияи Ашт минбаъд низ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб, баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро ба кор мебарад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.