АШТ: Шӯҳрат Муҳаммадзода раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ашт интихоб гардид.

 595 боздид

Баҳри такмили заминаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди футбол, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, маърифатнокии варзишии наврасон ва ҷавонон, инчунин муайян кардани истеъдодҳои болаёқат ва ҷалби онҳо ба варзиши футбол ва баланд намудани диққати онҳо ба варзиш дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Федератсияи футбол таъсис дода шудааст.

Дар Федератсияи футбол бо яковоз номзади Шӯҳрат Муҳаммадзода тарафдорӣ гардида, Раиси Федератсия футбол дар ноҳия интихоб гардид.

Ҳамзамон, ба вазифаи муовини Раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ашт   Дадоматов Шараф ва ба вазифаи котиби Раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ашт  Умаров Фарҳод интихоб карда шуд.

Сипас, роҳбари  ноҳия ба сухан баромада вобаста ба рушди соҳаи футбол баёни назар намуд. Баъдан байни варзишгарон ва Раиси ноҳия мулоқоти кушод сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.