Паёми табрикотии Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар баргузории ҷашни Иди Сада

 448 боздид

          Ҳамдиёрони азиз!

        Ҳамаи Шумоёнро ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми кӯҳанбунёдамон — ҷашни Сада самимона муборакбод мегӯям.

Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориётабор, аз ҷумла мо тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.

Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст ва фасли баҳору ощози корҳои кишоварзӣ наздик аст.

Дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон ҷашни Сада рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваи бадӣ ба шумор меравад, Тибқи маълумоти “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст. Ба ин хотир, дар давоми асрҳои зиёд гузаштагони мо гулхани оташро рамзи гиромидошти ин ҷашн мешумориданд.

Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми сокинони кишвар дар қатори вазифаҳои асосӣ, ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, зиёд намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нави замонавӣ ва интенсивӣ, табдил додани Ватани азизамон аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии индустриалӣ, яъне саноатӣ-кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ин дастуру ҳидоятҳо мо рӯҳбаланд гардида, вазифадор ҳастем, ки дар таъмини иҷрои онҳо ҳиссагузор бошем. Мо фахр мекунем, ки ноҳияамон дар миқёси ҷумҳурӣ бо дороӣ ва бунёди боғҳои нави истеҳсоли меваҳои шаҳдрез ҷои намунавиро ишғол менамояд.

Мавриди қайд аст, ки давоми солҳои охир кишоварзони ноҳия, дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари кишварамон дар ҳамаи самтҳои фаъолият натиҷаҳои назаррасро ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар соли 2023  дар ноҳия 9718 тонна ғалладонагиҳо, 15341 тонна пахта, 3264 тонна картошка, 13910 тонна сабзавот, 3185 тонна полезиҳо, 58020 тонна меваҷот, 499 тонна ангур,  6616 тонна гӯшт, 28987 тонна шир, 8 миллиону 102 ҳазор дона тухм, 221 тонна пашм, 7,8 тонна пилла, 39,8 тонна асал ва 573 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Нисбати соли 2022 дар ноҳия истеҳсоли    картошка – 801 тонна, сабзавот -2113тонна, полизӣ – 381 тонна, меваҷот – 48143 тонна, гушт – 200 тонна, шир – 478 тонна, тухм – 120 ҳазор дона, пашм – 3,5 тонна, асал – 5,6 тонна ва моҳӣ – 133 тонна зиёд шудааст.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ноҳия дар соли 2023 ба 2 миллиарду 46 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар таркиби он маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 1 миллиарду 529 миллион сомонӣ, ё ин ки 74,7 фоизро ташкил менамояд.

Ҳоло барои кишоварзони ноҳия ва тамоми деҳқонон корҳои саҳроӣ оғоз гардидааст. Имрӯзҳо шинондани дарахтон, шудгори байни боғот, яхобмонӣ, ба шакл даровардани дарахтон, ба саҳро баровардани поруҳо, захираи нӯриҳои минералӣ ва омодагии техникӣ барои кишти зироати асосӣ, яъне пахта, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҳавзаҳои пойгоҳҳои обгирӣ корҳо рафта истодааст.

Дар оғози саршавии корҳои саҳроӣ барои деҳқонон яке аз ҷашнҳои қадима ин ҷашни Иди Сада ба шумор меравад. Ин ид яке ҷашнҳои қадимаи халқҳои эронинаҷод, ки рӯзи дуюми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ — Баҳман барпо мешавад. Аз сарчашмаҳои илмию адабӣ маълум аст, ки баҳман ба 22 январ то 22 феврал рост меояд. Мегӯянд, гуле, ки дар оғози сол мешукуфад,  Баҳман ном дорад..

Иҷозат диҳед, ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумоён тамоми сокинони ноҳия ва кормандони соҳаи кишоварзиро ба муносибати Иди аҷдодӣ, Иди Сада табрику таҳният гӯям, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, ободии хонадонро таманно дорам.

Итминони комил дорам, ки сокинони ноҳия баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ кӯшиш намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.

Пеш аз ҳама аз кормандони соҳаи кишоварзӣ хоҳиш доштам, ҳар як рӯзро самаранок истифода намуда, дар таъмини иҷрои корҳои саҳроӣ суръат бахшанд. Шинондани дарахтони ҳамешасабз ва кабудизоркунии майдонҳо дар назди идораву ташкилотҳо чораҳо андешанд.

Дар баргузории ҷашни Иди Сада мебинам, ки бисёр гулу гулбутаҳо ба намоиш гузошта шуданд. Аз ин рӯ, мебояд дар мардум рӯҳияи табиат дӯстдориро бедор созем, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои таълимиро ҷоннок намоем, дар вуҷуди насли наврас эҳтиром ба Ватан, дӯст доштани  табиату наботот ва  меҳнатро ҷой намоем.

Имрӯз дар саҳни Театр намоиш ва фурӯши гулу гулбуттаҳо, дарахтони ҳамешасабз, ниҳолҳои мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст. Умедворам, ки ин иқдоми нек ба таври доимӣ ҳар ҳафта дар назди бозорҳо, дар ярмаркаҳои фурӯши ниҳолҳо идома ёфта, баҳри гул-гулшукуфоии ноҳияамон чораҳо амалӣ хоҳем намуд.

Бори дигар  Иди Сада, иди қадимаи аҷдодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.