АШТ: Ситод оид ба омодагии иншоотҳои ҷашнӣ

 421 боздид

Дирӯз 05 августи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳия, бо роҳбарии Маҳмудзода Ҷамшед муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, оид ба омодагии иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла майдони парчами давлатӣ ва муассисаи таълими рақами 65 дар маркази ноҳия, ба истиқболи 29- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ноҳиявӣ гузаронида шуд.
Дар кори ситод мудирони шуъбаву бахш, масъулон раис ва муовинони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилот ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, дар баромади худ зикр дошт, ки истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввиятва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Дар охир Ҷамшед Маҳмудзода, ба масъулин ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ, насб кардани шиору овезаҳо, сафедкунии дарахтони роҳҳои пратаколӣ ва шинонидани гуҳо ба муҳлати як моҳ дастуру супориш дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.