АШТ:СОҲИБКОРӢ ВА ШАРИКИ БО ДАВЛАТ

 531 боздид

Имруз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Абдураҳмон Ҳусейнов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ семинар-омӯзиш гузаронида шуд. Дар ҷамомад мавзӯи “Пешбурди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар вилояти Суғд” мавриди муҳокима қарор гирифт. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, ба соҳибкорон имтиёзҳои зиёд пешбини гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” аз 28.12.2012 таҳти рақами 907 маҳз дар ин ҷода ба тасвиб расида, дар паёмад имкониятҳои хуби фазои соҳибкориро ба амал овардааст. Дар семинар бобати нозукиҳои ҳамкории соҳибкорон бо давлат ба таври шафоф ва дақиқ фаҳмонида шуд ва ҳозирин вобаста ба мавзъӯ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.