АШТ: СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТ—2020

 476 боздид

Соати 6-и субҳи 1-уми марти соли равон сокинони маркази ноҳияи Ашт бо умед ба ояндаи меҳан, ободии диёр баҳри овоз додан ба номзадҳои арзандаву интихобкардаашон сӯйи участкаҳои интихоботӣ роҳ гирифтанд.

Дар участкаи интихоботии “Маҳмудҷон Воҳидов”, рақами 3, оид ба интихоботи  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ашт №17, ки дар бинои МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов  ҷой гирифтааст, шумораи интихобкунандагон 3057 нафар буда, аз ҷумла 108 нафар бори аввал овоз медиҳанд.

То соати 8-и субҳ аллакай 32 фисади интихобкунандагон ба номзадҳои арзандаву интихобкардаашон овоз доданд.

—Вазифаву рисолати муқаддаси оне, ки Ватанашро дӯст медорад, ин бегумон ширкат намудан дар чорабиниҳои сиёсӣ аст,—гуфт раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон  Б.Баҳриддинов –Бетараф будан дар чорабиниҳои кишвар ин бетараф будан ба ояндаи худ аст.

Дар участкаи интихоботии “Маданият” рақами 2, ки дар бинои гимназияи №1 ҷой гирифтааст, 2745 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 44 нафар бори аввал овоз медиҳанд.

Дар участкаи мазкур кулли меъёрҳои муқарраргардида вобаста ба интихобот пиёда шудааст. То соати 10-и субҳ  587 нафар интихобкунандагон овози худро доданд.

Ёдовар мешавем, ки интихобот соати 6. 00-и субҳ оғоз гардидаву то соати 20.00-и шаб идома меёбад.

Гуфтан ҷойиз аст, ки дар интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ширкат доранд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.