ФАРЗАНДИ АРЗАНДА

 222 боздид

Навиштан дар бораи нафаре, ки имрӯз байни мо нест, аммо дар дилу дидаҳои мардумони кишвараш ҳамешагӣ ҷой гирифтааст, кори осон нест. Дар бораи оне, ки бо ғуруру мардӣ, якқавлӣ, поквиҷдонӣ, ростӣ вирди забонҳо гаштааст.  Дар бораи оне, ки бо дасту дили пок ва ҷонфидоёна хизмати меҳанашро анҷом додаву дар айни камолоташ номардонаву золимона куштандаш.

Нурулло Ҳувайдуллоев. Яке аз фарзандони арзандаи Тоҷикистон, муборизи ҳақиқату ростиву адолат. Ҷойиз донистем, дар бораи роҳи рӯзгору пайкораш барои хонанда маълумот диҳем. Насли калонсолу миёнасол дар бораи ӯ шояд бисёр медонанд, аммо ба хотири огоҳ намудани насли наврас , биёед, бори дигар ба рӯзгору фаъолияташ назар андозем.

Зодаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт (20.03.1940) ва хатмкардаи мактаби миёнаи ба номи Маъдани деҳа (1957) мебошад. Соли 1962 факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва соли 1983 Академияи фанҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ)-ро бо муваффақият хатм кардааст.

Чӣ тавре, ки устод Нурулло Азимов дар китоби “Симои Ашт” қайд намудаанд, Нурулло Ҳувайдуллоевро соли 1962 бидуни коромӯзӣ прокурори шуъбаи назорати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ таъин менамоянд. Ӯ баъдан ба ҳайси прокурори шуъбаи назорати баррасии корҳои ҷиноятӣ дар судҳо (1963-64), прокурори шуъбаи тафтишотӣ (1965-66), узви Суди Олии Тоҷикистон (1966-70), раиси суди халқии ноҳияи Марказии ш.Душанбе (1970-74), мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии мудирияти корҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон (1974-80), муовин ва мудири шуъбаи мақомоти маъмурии КМ ҲК Тоҷикистон (1983-90), прокурори ҷумҳурӣ ва прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-92) кор кардааст. Рутбаи “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Генерал-майори адлия” дошт.

Н.Ҳувайдуллоев ҳанӯз аз даврони донишҷӯияш дар конфронсу маҳфилҳои илмии Университет маърӯзаҳо мехонд, баромадҳои пурмуҳтаво мекард. Ин буд, ки тайи се сол ба кори илмию тадқиқотӣ машғул шуда, рисолаи номзадиашро омода месозад. Соли 1983 рисолаашро дифоъ намуда, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегардад.

Дар рӯзномаву маҷаллаҳои давр беш аз 20 мақолаҳои илмиву оммавиаш нашр шудаанд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳуқуқии шаҳрвандон ӯ борҳо бо сокинони шаҳру навоҳии Душанбе, Файзободу Турсунзода, Хуҷанд, Ҳисор ва чанди дигар вохӯриҳо доир намудааст. Он солҳо ӯро ҳамчун ҳуқуқшиноси варзида ва муҳофизи воқеии қонуният эътироф карда буданд.

Соли 1986 аъзои КИ ҲК Тоҷикистон ва солҳои 1085-1990 депутати халқии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва ҳам раиси Кумитаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон оид ба масоили қонун, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон интихоб шудааст. Дар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми беандоза дорад: ӯ роҳбари гурӯҳи корӣ ҷиҳати омода намудани лойиҳаи Конститутсияи кишвар буд, ки он соли 1992 чоп шудааст.

Нурулло Ҳувайдуллоев тамоми умр барои пойдориву устувории қонун, ҳифзи шаҳрвандон, ҳалли мушкили онҳо дар доираи қонун, ба ҷомеа ҳадя намудани мутахассисони ҷавону умедбахш сидқидилона заҳмат кашидааст.

Мутаассифона, риштаи умри ин фарзанди арзанда аз дасти ифлоси  хоинони миллат санаи 24 августи соли 1992 номардона канда гардидааст. Қабраш дар зодгоҳаш—қабристони маҳаллаи Қалъа ҷой гирифтааст.

НуруллоҲувайдуллоев, ин марди росткору ҳақиқатҷӯро хеле бераҳмонаву номардона қатл кардаанд, ки қалам аз тасвираш оҷиз аст…

Барои арҷгузорӣ ба фарзанди фарзонаву фидокори ноҳия дар маркази ҷамоати деҳоти Понғоз нимпайкараашро бунёд намудаанд, МТМУ №11 ва ҳамчунин яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба номи ӯ гузошта шудаанд. Фарзандонаш Наргис—табиб, Дилафрӯзу Нилуфар ва Фурқату Фарҳод касби падарро интихоб кардаанд.

Дар бораи ин абармарди қонун дар васоити ахбори омма мақолаҳои зиёде нашр шудаанд. Эҷодкорон марсия гуфтаанд.

Яке аз марсияҳои таъсиргузор бо унвони “Замину осмон гиряд”   ба қалами шоири шодравон Файзулло Ёдгор мутааллиқ аст, ки соли фавти ӯ расонаӣ шудааст. Ҷойиз донистем чанд порае аз онро оварем:

ЗАМИНУ ОСМОН ГИРЯД

Ҷавонмардо, ба марги ту замину осмон гиряд,

Ба маргат аз фироқи ҳасрату фарёди ҷон гиряд,

Зи андуҳу зи сӯзи мағз-мағзи устухон гиряд,

Бирезад ашки сӯзону кунад оҳу фиғон гиряд,

Ҳама марду зану ҳар кӯдаку пиру ҷавон гиряд!

 

Тамоми халқи меҳнаткаш зи дида ашки хун борад,

Замину осмонро ӯ ба сар аз гиря бардорад,

Сари тобути ту ҳар кас сари таслим меорад,

Ба сидқе нақши меҳратро ба қаъри сина бигзорад,

Ба мисли булбули нолида дар фасли хазон гиряд!

 

…Будӣ ту қаҳрамони миллату халқи диёри худ,

Будӣ ту ифтихори мардуми бонангу ори худ,

Будӣ ту ифтихори халқу мулки номдори худ,

Будӣ ту ифтихори кишвари шуҳратшиори худ,

Ба васфат халқи маҳбубат нависад достон, гиряд!

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.