АШТ: ТАҶЛИЛИ 28-СОЛАГИИ  ТАЪСИСЁБИИ  ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР НОҲИЯ.

 7 383 боздид

09.12.2022

Имрӯз, дар маҷлисгоҳ калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 28-солагии  таъсисёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазо, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, фаъолон, аъзоён ва собиқадорони ҳизб, дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз  Раиси ноҳия ба сухан баромада, ҳозиринро таҳиният намуд:

Боиси қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи муборизаҳои шадиди сиёсӣ, зиндагии душвори сокинони кишвар ба майдони мубориза ворид гардида, марҳилаҳои вазнинро тай намуд, обутоб ёфт ва дар ҷомеа мақом пайдо кард. Ҷашни пуршукӯҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак бошад!

Баъдан, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазо номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, сухани табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хушнуд Каримзода шунида шуд.

Барои саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат  аъзо ва фаъолони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Аз тарафи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазо ба якчанд ҷавонони  ба сафи ҳизб аъзошаванда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Бо барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси  ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.