АШТ: Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар ноҳия

 94 боздид

Нимаи дуюми имрӯз санаи 11 августи соли равон дар толори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» Рӯзи варзишгарон таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони якқатор раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сарварони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, варзишӣ, собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарон иштирок доштанд.
Раиси ноҳия дар баромади худ бахшида ба Рӯзи варзишгарон иброз намуд: Ҳамчун анъана, дар саросари кишвар 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад ва дар соли ҷашнвораи бузургӣ таърихӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондааст, ин санаи фархундаро ба кулли кормандон ва собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон ва дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муборакбод намуда, саломативу хонаободӣ, фирӯзиву сарбаландӣ ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Мо мояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.”
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, имрӯзҳо тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст.
Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
Дар нимсолаи аввали соли 2021 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 90 медали тилло, 92 медали нуқра ва 85 медали биринҷӣ гардиданд.
Ба забон овардани номи варзишгарони ноҳия ба монанди Азизи Атҳам, Матхалилова Маҳина, Ибрагимов Фирдавс, Шералиева Зарифа, Бегматова Зулола, Мирзоёров Дониёр ва чанде дигарон боиси ифтихори мардуми ноҳия мебошанд.
Боиси қайд аст, ки аз соли 2018 то ба имрӯз дар радифи иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш, оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди маънавии насли ояндасози миллат дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 25 адад иншоотҳои варзишӣ аз қабили 17 адад майдончаҳои хурди варзишӣ оид ба футбол, 7 адад толори варзишӣ ва 1 адад ҳавзӣ шиноварӣ аз ҷониби соҳибкорони ташаббускор ва саховатмандони ноҳия Мамадёров Зиёдулло, Эргашев Бахтиёр, Урунов Носир, Мамадҷонов Мурод, Мирзоматов Ҳусейн, Холиқов Маҳмадсолеҳ, Қаҳҳоров Рустам, Машарипов Ҷамшед, Мусоев Аюбҷон, Турдиматова Ҷаннатой, Холматов Абдулатиф, Сотимов Фируз, Мақсудҷонов Зайлобиддин, Ҳоҷиматов Маъруф, бародарон Манучеҳр ва Достон Дадобоевҳо ва Исмоилова Юлдузой бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Бо вуҷуди ин моро зарур аст, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникии соҳаи варзиш минбаъд низ бо истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон барои бунёди майдончаҳо, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи варзиш тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.
Дар ҷодаи пешрафти фаъолияту зиндагӣ ба ҳар яки иштирокчии чорабинии имрӯза саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Баъдан аз ҷониби роҳбарияти ноҳия собиқадорони соҳа, мураббиён, варзишгарон ва соҳибкорони ташаббускору саховатпеша бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.