АШТ: ТАЪМИНОТИ ОБИ НӮШОКӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД.

 2 043 боздид

15.03.2024

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Қурбонов Бахтиёр семинар вобаста ба таъминоти оби нӯшокӣ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур  Оливер Норманд-корманди котиботи байналхалқии захираҳои об-намояндагӣ дар Тоҷикистон, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири шуъбаю бахшҳо, раёсатҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони кумитаи маҳаллаҳо тибқи лоиҳаи “Таъминоти маҷмӯии оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар ҳудуди деҳоти вилояти Суғд” иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим, таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва тадбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Ашт сухан гуфт.

Зикр намуд, ки барои донорони хориҷӣ ва сармоягузорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми имкониятҳо фароҳам оварда  шудааст ва барои густариши робитаҳо бо созмонҳои байналхалқӣ пайваста тадбирҳои зарури андешида мешавад.

Ҳамзамон, лоиҳаи оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод аз ҷониби котиботи байналхалқии об, намояндагӣ дар Тоҷикистон ва саҳми аҳолӣ бо маблағи 5-миллинон сомонӣ дар деҳаи Қаҳрамон бо ҳамкорӣ бо ташкилоти USAID ва саҳми соҳибкорони деҳа ба маблағи 2,8 миллион сомонӣ амалӣ шуд.  

Дар фарҷом барои беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти таъминоти оби нӯшокӣ  Раиси ноҳия ба масъулин дастур дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.