Паёми табрикотии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура.

 943 боздид

Муҳтарам кормандони мақомоти прокуратура!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт кормандони мақомоти прокуратура ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод менамояд.

Ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, саодати зиндагӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар адои вазифаи пурмасъулиятатон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориатон дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно мекунам.

Мақомоти прокуратура яке аз ниҳоди боэътимоди мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва зуҳуроти номатлуб саҳми босазо дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дошта, иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вогузор гардидааст”.

Прокуратура  ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ фаъолияти худро дар самти ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда, ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азиз нақши босазо дорад.

Боварии комил дорем, ки кормандони мақомоти прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу ватан, ба наслҳои ҷавон сабақи меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва баҳри ҳифз ва пойдории давлати соҳибихтиёрамон саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед таъминкунандагони волоияти қонун!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.