АШТ: Тақдими шаҳодатнома ба кормандони хизматрасониҳои иҷтимоӣ

 130 боздид

Имрӯз бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Майсара Шарипова директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо”, Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, Камол Самиев мудири шуъбаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хонаи назди МИҲД-и ноҳия Ашт, ба 27 нафар хатмкунандаҳои курси такмили ихтисоси сайёр шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Майсара Шарипова директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” зимни суханронӣ, арзи миннатдории худро ба кормандони хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати ташкил ва баргузор кардани курси сайёри такмили ихтиосо расонд.
Тавре ба мо Камол Самиев мудири шуъбаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хонаи назди МИҲД-и ноҳия Ашт, иттилоъ доданд курси такмили ихтисоси сайёр барои кормандони хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар назди хонаи МИҲД-и ноҳия Ашт аз рӯзи 03 август шуруъ шуда то имрӯз, дар ду гузаронида шуд, ки барои кормандон муттахассисони ин соҳа нозукиҳои корро омӯзониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.