АШТ: Вусъати корҳои саҳроӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия.

 240 боздид

Санаи 27 – уми феврали соли 2022, Раиси ноҳия бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ду қади роҳи протоколии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқот анҷом дод.
Зимни боздиди ду қади роҳи протоколии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳбарияти ноҳияро муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сармеъмори ноҳия, сардор ва кормандони раёсатҳои кишоварзӣ, омор, кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, бахши ҳифзи муҳити зист ва сарвари МНДСЭ ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.
Роҳбарияти ноҳия оид ба оғози корҳои саҳроӣ, тоза намудани қади роҳҳои протоколӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, ба низом даровардани хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии дар қади роҳҳо воқеъбуда истода гузашт.
Суҳбати дастурдиҳӣ аз деҳаи Бахмали Ҷамоати деҳоти Меҳробод оғоз гардида, то деҳаҳои дурдасти наздисарҳадӣ дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Пунук идома ёфт.
Дар рафти боздид аз даромадгоҳ то мавзеи Ҷамоати деҳоти Пунук Раиси ноҳия дар назди роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарону фаъолон оид ба тозаю озода намудани ҳудуди хоҷагиҳо, ташкилоту муассисаҳо, сокинони деҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт. Даъват ба амал оварда шуд, ки сокинони ноҳия оид ба амал татбиқ кардани омодагиҳо ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди иншоотҳои иқтисодӣ ва коргоҳҳои саноатӣ ҳиссагузорӣ намоянд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Иди Наврӯзи байналмилал ва дигар идҳои миллию давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.