АШТ: ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА ДАР ТАНТАНАҲОИ ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛ ШИРКАТ НАМУДАНД.

 574 боздид

08.09.22 (мустақим)

Ба мақсади сазовор ҷашн гирифтани 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия силсилаи чорабиниҳои идона роҳандозӣ гардида, фазои идона дар ноҳияи Ашт танинандоз аст. Бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона Ёрдамчии Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, ҳайати расмии меҳмонон аз ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии муовини Раиси ноҳияи Поп оид ба масоили кишоварзӣ ва обёрӣ Ахмадалиев Икромҷон ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Дар маросими ифтитоҳи тарабхона раҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа ширкат намуданд. Дар оғоз Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, меҳмононро барои ташриф ба ноҳия хайрамақдам гуфт ва аз оромии кишвар, ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ҳарф зад:

“Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таърихӣ беш аз 30-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.

Барои ҳимояи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас ва шоёни таҳсин мебошад. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ низ имрӯзҳо мактаби сулҳпарваронаи ин мардро меомӯзанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳамчун намуна истифода баранд.

Зеро, обрӯву нуфӯзи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сархати кишварҳои бонуфӯз қарор додааст. Ҳар як сокини бонангу номуси ноҳияро мебояд ба қадри сулҳу оромӣ ва Пешвои худ бирасем.”

Баъдан, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги миллӣ, Истиқлоли давлатӣ сокинони ноҳияро таҳният намуд:

““Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён намуда, таъкид менамоянд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”. Дар пайрави ба дастуру супоришҳои роҳбари давлат сокинони сарбаланди ноҳия бо иқдомҳои ободонаи худ ҳамеша собит намуданд, ки ба қадри суботу оромӣ расида, Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.””

Маврид ба зикр аст, ки тарабхона дар деҳаи дурдасти Муломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон бунёд гардида, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, Комилов Фазлиддин дар фурсати кутоҳ сохта шудааст. Туйхона дорои толори барҳаво, ҳуҷраи хизматрасонӣ, хуҷраи пухту паз ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, 310 м2 -ро ташкил медиҳад.

Ахмадалиев Икромҷон аз номи ҳокими ноҳияи Попи Ҷумҳурии Узбекистон ба муносибати 31 солагии Истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи тоҷикро таҳният намуда, ба соҳибкор барои бунёди чунин тарабхона туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Баромади ҳофизон ва гуруҳи рақсӣ чорабиниро шукӯҳи хоса бахшид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.