ПАЁМИ  табрикотии Раиси ноҳия муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат ба ифтихори 31 солагии Рӯ зи Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 404 боздид

Д Ҳамдиёрони азиз!

 Санаи сарнавиштсози таърихии халқи тоҷик Рӯзи истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо ифтихор ва эҳсоси баланди ватандорӣ ба ҳар яки Шумо табрику таҳният менамоям.

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳуввияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Туфайли заҳмати шабонарӯзӣ ва кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯзҳо кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста мебошад.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таърихӣ беш аз 30-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки охир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Ба бахти халқи тоҷик фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшишу худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

Пешвои миллат дар баромадҳояшон қайд менамоянд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

Барои ҳимояи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас ва шоёни таҳсин мебошад. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ низ имрӯзҳо мактаби сулҳпарваронаи ин абармардро меомӯзанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳамчун намуна истифода баранд. Зеро, обрӯву нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сархати кишварҳои бонуфуз қарор додааст.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки чунин Ватани азизу муҳбуб ва ободу зебо дорем.

Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта, дар ободии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму обод заҳмат ба харҷ диҳем.

Инчунин, моро мебояд ин таърихи гузаштаро таҳлил намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат бирасем. Таҷрибаҳои он қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлолият аст, расида ва дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоем. Дастовардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро Истиқлолият шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар кишварҳои олам шинохта шудааст.

Бигзор, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи сокинон диёри сарсабзи Ашт ба мулки ободу биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон-Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон — Истиқлоли давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад.

Ҷовидон бод дастовардҳои бузурги замони истиқлол-сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон!

Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Тоҷикистон, ба пеш, бо Пешвои муаззами миллат!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.