Ду нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо қаноатмандӣ аз субботи комили кишвар истиқомат доранд: Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, д.Саро) ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, д.Бободархон) медали «75 солагии ғалабаи бузург» аз Ҷониби Федератсияи Россия дода шуд. Медал ва тӯҳфаҳои хотиравиро раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Зафар Муҳаммадзода ва намояндаи Ҳизби Комунистӣ Тоҷикистон дар ноҳия Сулаймон Азимӣ супориданд.
Инчунин ба иштирокчиёни ҶБВ тӯҳфаҳои хотиравии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд, рӯзномаи хотиравии «Ҳақиқати Суғд» аз 7 майи соли 2022 таҳти рақами 56, ки дар он зери унвони «Нишона аз қаҳрамонон» ба чоп расидааст тақдим гардид. Собиқадорони ҷангу меҳнат Ҳоҷиматов Қучқор ва Холматов Абдуқодир барои чунин ғамхори нисбаташон ба роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуданд.