АШТ:ШЎРОИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШИ БАРГУЗОР ШУД

 638 боздид
10.08.2022
         Имрӯз, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, таҳти раёсати муовини Раиси ноҳия, раиси Шӯро Аниса Ҷалилӣ шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гардид.
       Дар чорабинӣ аъзоёни Шӯро роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, варзишгарон, ҷавонони фаъол ва гирандагони Стипендияи Президентӣ, Стипендияи Раиси ноҳия ширкат варзиданд.
Дар оғоз аз ҷониби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт се масъала:
      1. Дар бораи рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вақдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баргузории мулоқоту вохурӣ бо варзишгарон
     2. Тасдиқи Нақшаи кории Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барои нимсолаи дуюми соли 2022
     3. Масъалаҳои ҷорӣ.
Баъдан масъалаҳои зикршуда, аз ҷониби раиси Шӯро пешниҳод ва аз ҷониби аъзоён тариқи овоздиҳӣ тасдиқ карда шуд.
        Дар идома мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, муовини Шӯро Парвез Салоҳиддинов маърӯза намуда, роҷеъ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва амалишавии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ноҳия, фаъолияти Шӯро дар нимсолаи аввал ва нақшаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2022, дастовардҳо ва муваффақиятҳои ҷавонони ноҳия, мушкилоти соҳаи варзиш маълумот дод.
      Баъдан бо пешниҳоди лоиҳаҳои қарор аз ҷониби раёсати Шӯро барои нақшаи нимсолаи дуюм дар соли 2022 лоиҳаи қарор пешниҳод ва тастиқ карда шуд.
Дар фарҷоми кори ҷаласа бо овоздиҳии аъзоёни Шӯро қарори дахлдор қабул гардида, муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ барои тақвият бахшидани чорабиниҳои варзишӣ байни насли созанда дастур дод.
                                                       Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.