Санаи 3 уми апрели соли равон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокини ҷамоати деҳоти Понғоз Азимов Исматулло бахшида ба синни 95-солагии мавлуд паёми табрикотӣ ва тӯҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд. Исматулло Азимов бо руҳияи болида табрикотро пазируфта аз ғамхори ва парастории доимӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.