ДОНИШҶӮЙИ СОЛҲОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДИАМ
Донишҷӯйи солҳои ҷанги шаҳрвандиам: солҳое, ки бародар бародарро душман буду дидаҳоро оташи ҷанги бародаркуш “хира” карда. Шабҳое буд, аз гуруснагӣ хобам намеомад, чун дар навбати нон бароям нон намерасид. Дар хотир дорам, анҷоми соли дуюми таҳсил буд: имтиҳонҳоро супоридем ва ба хобгоҳ омадем. Ҳама хурсанд, ки фардо ба оғӯши падару модар мераванд. Чун вақти хӯроки шом наздик мешуд, ҳар нафар дар такопӯи омода намудани ғизо будем. Аммо барои таоме омода намудан ягон нафаре ғизои даркорӣ надоштем. Қарор кардем, ҳар нафаре чизе дорад, як ҷо ҷамъ меорем ва аз он маҳсулот хӯрок омода мекунем. Ҳамин тавр ҳам шуд, аммо танҳо се навъи маҳсулот пайдо гардид: пиёз, як каме равған ва нони мағорбаста, ки болои ҷевонҳои либосовезӣ ҷамъ мекардем. Ҳамин тариқ, аз ин се маҳсулот хӯрок омода намудем: яъне дар равған пиёзу нонро зирбонидем, ки дар маҳали мо онро “нонҷаркоб” мегӯянд. То ҳол таъму мазаи онро эҳсос мекунам, воқеан хеле бомаза буд. Шояд аз он, ки хеле гурусна будему дигар чизе барои хӯрдан надоштем ва ё воқеан чунин буд.
Ҳарчанд дар Хуҷанд таҳсил доштам, таъсири нобасомониву гуруснагиҳои Душанбешаҳр ва ноҳияҳои осебпазири он то ҳамин ҷо омада буд. Ин бозгӯи он аст, ки то чӣ андоза тори анкабути ҷанги бародаркуш қудратманд буду дар интихоби тӯъма дароздаст.
Шояд барои ҷавонони имрӯз, донишҷӯёни замони имрӯз ин афсона тобаду боварнакарданӣ. Аммо, воқеан чунин буд.
ҶУРЪАТИ АҚРАБНАФАСОН ҲАМИН ҚАДАР АСТ…
Агар имрӯзро бо он солҳо муқоиса намоем, эҳсос мекунем, фарқият аз замин то осмон аст. Шояд баъзе нафарон гӯянд, ки ин табиӣ асту ҷомеа пайваста пеш меравад. Аммо ба ҳар ҳол, иқрор бояд шуд, ки замона дигаргун шудааст. Иқрор бояд шуд, ки то андозае, то қадри имкон кишварамон қомат рост кардааст. Иқрор бояд шуд, ки ин 29 сол барои ҳар нафар тоҷику тоҷикистонӣ солҳои санҷишталаб буданд: чеҳраҳо кушода шуданду пардаҳо барафтоданд, аксари дурӯғҳо ошкор шуданду сафедҳо сиёҳ ва баръакс. Миллати сахтҷони тоҷик тавонист аз хоку хуну хиёнат сар бардораду раҳо шавад. Нешҳои ақрабнафасону ақрабтабиатонро шифо бахшад.
Имрӯз нафароне чанд сатҳи пешравиву рушди Тоҷикистонро бо дигар ҷумҳуриҳо, масалан Ӯзбекистон муқоиса мекунанд. Магар метавон як кишвари аз ҷангдидаву нав тавлидшударо бо кишвари дигаре муқоиса кард? Албатта, не!
Вақте меҳанамро 29 сол пеш ба назар меорам… Садои ваҳшатзои тирпарронӣ, фиғону нолаҳои модарони дилфигор, дидаҳои пурашки падарони ноилоҷмонда, гуруснагиву бесарусомониҳо…
Ҳоҷат ба таҳлилу баррасии дилгиркунанда нест. Боз аз сияҳкориҳо, хиёнату номардиҳо, ватанфурӯшиҳо гуфтанро ҳоҷат нест, чун борҳову борҳо гуфтаанду мегӯянд.
Усули муборизаи пасипардагиву пасихоҷагии “фарзандони” фурӯхташудаи меҳан маълум аст. Ҷуръат ҳамин қадар аст: яъне берун аз Ватан ва дар ҳимояи хоҷагони хориҷӣ сиёҳ кардани Ватан!
Набояд лаҳзае ба мағзшӯии ин номардҳо роҳ дод. Номардҳое, ки ин замон минбари озод—Фейсбукро дарёфтаанд ва ҳам хонандаву шунавандаи сустфарҳанг ва ё содаро. Намакхӯрдаву намакдоншикастаҳое, ки ин саҳфаи иҷтимоиро ба макони қасду туҳмату нопокӣ табдил додаанд.
Вақте аз эътимоди мардуми сода суйиистифода мекунанд, аз хурдтарин камбудӣ бузургтарин назари манфӣ рӯйи кор меоранд, бори дигар ба табиати каждумии онҳо бовар ҳосил мекунӣ. Аз ҳама нафратовараш он аст, ки имрӯз ин хоинон сухан аз кирдорҳои хеш мекунанд, пушаймон ҳам мешаванд, ба дигарон роҳ нишон медиҳанд (исботи ин гуфтаҳоро чанде пеш дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар дидем).
ЖУРНАЛИСТ
Наход тайи 29 соли Истиқлолият Ватани азизамон, ки имрӯз аҳолиаш ба беш аз 9 млн. расидааст, ягон ободиро соҳиб нашуда бошад?
Наход нафаре, ки минбари иттилоотиро ба минбари расонаӣ намудани танҳо камбуди кишвараш табдил додааст, надида бошад, рушду пешравиҳоро. Дуруст аст, кишвари мо камбудиву норасоиҳо дар ҳамаи соҳаҳо дорад: аммо ин ҳолат дар пешрафтатарин мамолики дунё ҳам ба чашм мехӯрад. Дуруст аст, на ҳама мансабдорон вазифаашонро аз сидқи дилу пок ба сомон мерасонанд, на ҳама курсинишастагон боадолат “курсӣ меронанд”, на ҳама вакилон ғамхори халқанд. Дуруст аст, вақте камбудиҳоро расонаӣ менамоӣ, як идда аз масъулон вокунише нишон намедиҳанд (ин аз нахондани рӯзномаву маводи расонаишуда гувоҳӣ медиҳад). Аммо ин ҳама ҷамъу тарҳҳо дар пурқудраттарин ва пешрафтатарин кишварҳо низ ҳаст.
Аммо рисолати журналист ва ҳам дигаре, ки матлабе менависад (чун имрӯз ҳама журналист шудаанд) расонаӣ кардани мушкили мардум аст ва он ҳам танҳо ба хотири ислоҳи камбудиву сабукӣ бахшидан ба рӯзгори мардуми оддист. На тавассути фейку дурӯғу таҳқир ба ниҳодҳои мухталиф ҳангома оростан! Танзим нашудани минбари озоди Фейсбук имкон оварда, ки як идда “равшанфикрону” журналистон (бахусус онҳое, ки берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд) ва ҳам онҳое, ки иҷрокунандаи фармонҳои пурдасисаи хоҷагони хориҷианд, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои ифлоси худ тасмим гиранд! Аз дур истода расонаӣ кардани камбуди меҳан—ин амал кифоя аст, ки баҳои “инсон” будани онҳоро дарк намоем.
ҲАМА ТАМОШОБИН
Одамиро чунин одат ҳаст: вақти ҷанҷоли ду нафар, гуногун будани ақидаҳо мавқеи бетарафиро соҳиб мешавад. Ҳастанд онҳое, ки ҳарчанд воқеъият, ростро медонанд, боз ҳам хомӯшанд. Аниқтараш намехоҳанд, ба қавле ба сарашон ғурбат харанд. Намехоҳанд ба ҷонибе рӯяшон “хунук” шавад. Аммо ҳамин бетарафиҳову тамошобин буданҳо фарзандони зиёди моро аз мо рабуд. Ҳамин бетарафиҳо боиси сар боло кардани фарзандони нохалаф гардид.
Хонаи шуморо каси дигаре омада обод мекунад? Не!
Камбудиатонро ба касе гуфтеду боре ҳал шуд? Не!
Пас, ҷиҳати камбуду норасоии меҳан низ чунин аст: танҳо бо ҳам, бо заҳмати шабонарӯзӣ, бо умед ба ояндаи нек, бо орзуи фароҳам овардани зиндагии шоиста ба фарзандон, бо ҳақталошӣ алайҳи дурӯғу адоват, бо навиштанҳои воқеӣ, бо дида тавонистани корҳои анҷомрасида метавон ба ҳадаф расид.
Т.МИСРОБӢ