АШТ: Мулоқоти Баҳриддин Зиёӣ бо фаъолон ва сокинони Ҷамоти деҳоти Пунук

 632 боздид

Имрӯз, 03 августи соли ҷорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт вохӯрии вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ бо намояндагон, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, Каримзода Хушнуд Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, иштирок доштанд.

Нахуст Баҳриддин Зиёӣ ба таҳлили вазъи эпидемикии ҷаҳон, ҷумҳурӣ ва ноҳия пардохт. Иттилоъ дода шуд, ки аз 30 апрел то имрӯз дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ шумораи гирифторони бемории сироятии Covid-19 ба 7495 нафар расидаву 6276 нафар аз он шифо ёфтаанд. 61 нафар вафот кардаанд.

Дар идомаи баромади худ Баҳриддин Зиёӣ таъкид кард, ки “Ҳарчанд вазъи эпидемикӣ дар ноҳия мӯътадил аст, аммо мо аз ин набояд хотирҷамъ бошем. Моро зарур аст, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ риоя намоем”.

-Зиёӣ Баҳриддин бо ёдоварӣ аз филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бори дигар таъкид намуд, ки дар ин давраи ҳассосу санҷишӣ бояд паҳлӯи ҳам бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳар нафаре,ки ин филмро тамошо кардааст, бегумон бори дигар ба хоиниву манфурӣ ва пастии аъзоёни собиқ ҲНИ ва пайравонаш эътимодаш қавитар мегардад.

-Баҳриддин Зиёӣ ҳамчунин ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ,ки имрӯз аз сабаби тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим мушкилиҳо эҷод кардааст, изҳори назар намуд. Ба хотир овардани солҳои бебарқӣ кифоя аст, ки имрӯз ин дастоварди муҳими кишвар—истиқлолияти энергетикиро ҳифз намоем.

Баҳриддин Зиёӣ, вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ зикр дошт, ки таъмири роҳи Хуҷанд-Ашт ва баъдан таъмири пурраи Пойгоҳи обкашии АНС-1, мушкили асосии ноҳияи Ашт мебошад.

Дар охир вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ бори дигар  ба роҳбарияти  МИҲД, барои эътимоди интихобкунандагон ва аҳли сокинони ноҳия изҳори сипос намуд ва эътимодашро ҷиҳати ҳамкориву дастгириҳои пайвастаи мардум барои ободиву рушди кишвари азиз, аз ҷумла ноҳияи Ашт бозгӯ кард.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.