Хурсандиовар аст, ки тамоми мардуми сулҳпарвари дунё 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро ҷашн мегиранд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз мудҳиштарин воқеаҳо дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад. Тибқи нишондодҳои таърихӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз наздики 50 млн. одамон нобуд шуданд. Аз ноҳияи Ашт 6784 нафар ба ҷанг даъват шудаву қариб 3000 нафар вафот кардаанд ва беному нишон гардидаанд.
Ба моён, аберагон фахри бузург аст, ки бобои мо Азимов Исматулло дар қатори ҷанговарони абармард дар ин ҷанги хонумонсӯз бо сари баланд хизмат намуда, зиндаву саломат ба Ватани азиз баргаштаанд. Бобои мо Азимов Исматулло соли 1925 дар деҳаи Понғоз таваллуд шудаанд. Соли 1939 мактаби ҳафтсоларо хатм карда, то соли 1942 дар колхози “Роҳи нав” кор кардаанд. 13-уми марти соли 1943 он кас дар қатори дигар ҳамдиёрон ба сафи Армияи Советӣ даъват шуданд. То 10-уми июни соли 1943 дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошкент аз машқҳои ҳарбӣ гузашта, ба фронт фиристода мешаванд. Ба полки 202-юми Гвардияи артилерияи сабуки дорои ордени Александр Невский қабул гардида, дар ҳайати Фронти 4-уми Украина ба ҷанг дохил мешаванд ва дар озод кардани вилоятҳои Ворошиловград, Донбасс, Қрим иштирок намуда, 9 майи соли 1944 дар озод намудани шаҳри Севастопол аз душман корнамоӣ нишон медиҳанд. Сипас, бобоям ва якчанд нафар ҳамдиёронро ба ҳайати фронти 3-юми Белоруссия гузаронидаанд. Аввали моҳи майи соли 1944 аз дарёи Днепр гузашта, дар озод кардани шаҳр ва деҳаҳои Белоруссия иштирок доштаанд. Дар ҳайати фронти номбурда дар натиҷаи ҷангҳои шадид то охири моҳи октябри соли 1944 қаҳрамониҳо нишон дода, Литваро аз душман озод намудаанд. Моҳи октябри соли 1944 полки бобоямонро ба Фронти якуми Украина ҳамроҳ менамоянд ва дар ин фронт дар озод кардани Украинаи Ғарбӣ, Полша ширкат намудаанд.
Моҳи декабри соли 1944 аз дарёи Одер гузашта, дар ҷангҳои шадид ва озод намудани якчанд деҳаҳои аҳолинишин, шаҳру деҳоти Германия аз фашизми гитлерӣ низ иштирок мекунанд. Моҳи феврали соли 1945 дар Германия дар муҳорибаи зидди душман сахт ярадор мешаванд: аз пояшон тир хӯрда, се ҷойи пояшон шикастааст. Дар қатори 20 нафар ярадорон ҳангоми бо автомашинаи боркаш то госпитал бурдан, дар роҳ боз маҷрӯҳ мешаванд. Дар ҳолати вазнин ба госпитали Береслав меоранд, ки ин ҷо то 15-уми майи соли 1945 табобат мегиранд.
Бобоям Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои Германияи фашистиро дар Германия дар госпитали ҳарбӣ мешунаванд ва бо сари баланд пешвоз мегиранд. Бобоямонро бинобар ҷароҳатҳои вазнин доштан 15-уми майи соли 1945 барои идомаи табобат ба госпитали ҳарбии шаҳри Сочи мефиристанд ва то моҳи июли соли 1945 дар он ҷо табобат гирифта, баъди муоинаи тиббӣ ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм бо ду асобағал ба зодгоҳ бармегарданд.
Бобоямон чун ҷанговари баномусу ҷасур, софдилу содиқ, ташаббускор бо 13 ордену медалҳои ҷангию ҷашнӣ ба муносибати рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҷашнҳои 50, 60 ва 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР, Ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи якум, нишонҳои Гвардияи СССР, ветерани полки гвардиявии 202 дорои ордени Александр Невский, медалҳои Ғалаба дар ҷашнвораҳои Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадр шудаанд.
Фаъолияти меҳнатии бобоямон дар колхоз оғоз ёфта, минбаъд дар вазифаҳои мудири шуъбаи маҳсулттайёркунии ноҳия, корманди шуъбаи хоҷагии қишлоқи ноҳия, муҳосиби колхози ба номи Маленков, муҳосиби хоҷагии ҷангали ноҳия, сардори хоҷагии ҷангали ноҳия, муҳосиби шуъбаи маорифи ноҳия, сармуҳосиби совети қишлоқи Понғоз идома ёфтааст. Барои хизматҳои арзанда дар арсаи меҳнат 4 даъват депутати совети деҳаи Понғоз интихоб гардидаанд.
Бобоямон дар обод кардани заминҳои бекорхобидаи қитъаҳои Янтоқ (наздикии ноҳияи Мастчоҳ), Пазмон, Ушунг, Қаромазор, Сойболо, Надок, Мулломир ва Қалам ҳиссаи калон гузоштаанд. Он кас ҳамчун мутахассиси варзидаю обрӯманди арсаи меҳнат соли 1985 ба нафақа баромада, ҳоло давлати пирӣ меронанд.
Имрӯз ҳар як суҳбату насиҳатҳои бобои ҷанговарамон барои мо, наберагону аберагон, ки дар атрофашон зиёд ҷамъ мешавем, як дарси пурмазмуну нотакрор аст. Лаҳзаҳои ҷангие, ки ба мо нақл мекунанд, пур аз воқеоти мудҳиши солҳои ҷанг ва ҳам ҷасорату мардонагӣ мебошад. Ҳар кадоми он моро ба пуртоқатию ҷасурӣ, ватандӯстӣ, содиқ будан ба халқу меҳан ҳидоят мекунад.
Бобоям соҳиби 8 фарзанд, 30 набераю 57 абера ҳастанд. Моён, наберагону аберагон орзу менамоем, ки осмони диёрамон софу беғубор бошад, дар Ватани азизамон—Тоҷикистон сулҳу амонӣ пояндаву умри пурбаракати онҳое, ки мисли бобоямон диловарони арсаи ҷангу меҳнат мебошанд, абадӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ сокинони дунё ҷангро набинанд ва моён, пайвандони бобоямон мисли ӯ дар ҳифзи марзу буми кишвари азизамон ҳиссагузор бошем.
Шуҳратҷон ва Одилҷон МАМАДҶОНОВҲО, хонандагони гимназияи №1, ба номи М.Воҳидов