ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст

 416 боздид

 Субҳи имрӯз, 26 март, соати 09:44  дақиқа  бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар 220 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 98 км шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ва 24 км аз шаҳраки  Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон   воқеъ буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба гузориши институти зилзиласанҷии кишвар, қувваи зилзила дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳри Хуҷанд 3 баллро ташкил дод.

Заминларза дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос шуд. То кунун даҳҳо нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз такони замин дар пойтахт ва навоҳии атрофи он навиштанд.

Бар асари  ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ  ба қайд гирифта нашудааст.

АМИТ “Ховар”

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.