Тантанаҳои “Шоми ҷавонӣ” дар Ашт

 1 012 боздид

Дар асоси Қарори раиси ноҳияи Ашт аз санаи 11-уми май бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон, Соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар тамоми ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардида истодааст.
То ин дам “Шоми ҷавонӣ” дар сатҳи баланди фарҳангӣ бо ҷалби васеи ҷавонон дар ҷамоатҳои Ифтихор, Ориён, Ашт, Пунук ва Меҳробод гузаронида шуд.
Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт гуфт, ки тантанаҳои “Шоми ҷавонӣ” то санаи 20-уми майи соли ҷорӣ идома меёбад. Он бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва муттаҳид кардани ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.