Гусели 100 нафар наваскар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

 529 боздид

Имрӯз дар доираи маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия маросими гусели аввалин гуруҳи наваскарон баргузор гардид.

Дар маросими гусели аввалин гуруҳи наваскарон Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳия ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни суханронӣ зикр дошт, ки наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин руҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистони азиз муҷаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.

Юсупов Бобур сарбози қатори аз қисми ҳарбии 14356Б зимни баромади худ аз рафти хизмат дар сафи қуваҳои мусаллаҳ ёдовар шуда, иброз дошт, ки  хизмат хуб аст, ҷойи хоб нағз ва мо сарбозону афсарон бо машқҳои таълимӣ худро обутоб медиҳем.

Очилов Шомурод даъватшаванда аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон гуфт, ки хизмат ба Ватан ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Аз ин рӯ ман имрӯз бо хоҳиши худ барои ҳимояи Ватани азизам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта истодаам.

Дар ҷамъомади тантанавӣ маъракаи нонгазонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба навдаъватшавандагон доир гардид.

Дар маросими гусели аввалин гурӯҳи ихтиёрӣ аз ноҳияи Ашт 100 нафар наваскар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия барномаи ҷолибу дидани манзури иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *