Ҷаласаи кории Роҳбари МИҲД-и ноҳия

 525 боздид

Имрӯз таҳти роҳбарии Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷаласаи корӣ ҷиҳати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоатҳо, бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия барои пурзӯр кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз офатҳои табии дастуру супоришҳо дод.

Инчунин Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷаласа ба раисони Ҷамоатҳо ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия вазифагузорӣ намуд.

  1. Бахши ҳифзи муҳити зист:

— тоза намудани ҳудуди селроҳаҳо аз партоваҳои сахти маишӣ;

— ба тартиб овардани дарахтони дар соҳили селроҳаҳо

шинонидашуда.

-ташкили буридани дарахтон, вобаста намудани кормандон ба

селроҳаҳои ноҳия.

  1. Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия:

-назорати ҳолати партовгоҳҳо дар соҳили селроҳаҳо, назорати

тозакунии онҳо;

-безараргардонии оби нӯшокии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти

ноҳия, таъмини захираи маводҳои зарурӣ (хлор).

  1. Хадамоти соҳилмустаҳкамкунӣ (ИДБЗОА):

— ба роҳ мондан ва идома додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

дар минтақаҳои хавфноки селроҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку

деҳоти ноҳия.

  1. Бахши КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия:

— ба роҳ мондани бастани шартномаҳои суғуртаи молу мулк бо

сокиноне, ки дар минтақаҳои хавфнок истиқомат доранд.

  1. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия:

-тибқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ мондани кӯчонидани

муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хавфнок.

  1. Беморхонаи марказии ноҳия:

— захира намудани миқдори зарурии доруворӣ ва дигар маводҳои

тиббӣ барои ҳолатҳои фавқуллода дар ҳудуди ноҳия.

  1. Кумитаи идораи замини ноҳия архитектор КВД баҳисобгирии

молу мулки анволи ғайриманқул:

-минбаъд дар вақти ҷудо намудани замин барои сохтмони

иншоотҳои хоҷагии халқ ва қитъаи замини наздиҳавлигии

сокинони ноҳия, бо Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои

фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи

Ашт мувофиқа намудани масъалаи мазкур;

-санҷиши иншоотҳои ёрирасони беҳуҷҷатгузорӣ дар селроҳаҳо.

  1. Раёсати кишоварзии ноҳия:

— таъмини истифодаи самараноки замину об;

— тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, беҳтар намудани ҳолати

мелиоративии заминҳои кишоварзӣ;

— мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон.

  1. Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия:

— ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар минтақаҳои хавфнок;

— ташкили дафтари бақайдгирии навбатдорон;

— ташкил намудани нақшаи хабардоркунӣ дар ҳолатҳои

фавқуллода бо дарҷи масъулон бо рақамҳои телефонӣ;

— тартиб додани нақшаи эвакуатсияи аҳолии дар минтақаҳои

хавфнок истиқомат дошта;

-бо ҷалби аҳолӣ ва сохторҳои хоҷагидории ҷамоат

гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба тариқи ҳашар.

-дар ҷамоатҳо ташкили миқдори асбобҳои корӣ то санаи

15 апрели соли 2018

— ба роҳ мондани ҳисобу китоб ва пешниҳод намудани

ҳисоботҳои дақиқ оид ба натиҷаи зарари офатҳои табиӣ.

  1. Идораи нигоҳдории роҳҳои нақлиёт ва ҷамоатҳо:

-сохтмони купрукҳои ба талабот ҷавобгӯ дар мувофиқа бо

сохторҳои дахлдор.

11. Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи

граждании вилояти Суғд дар ноҳия:

— назорати рафти таъмини иҷрои нақшаҳои тасдиқшуда дар

ҳудуди ноҳия оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқуллода;

— ба роҳ мондани ҷамъоварии ҳисоботҳои зерсохторҳо оид ба

ҳолатҳои фавқуллодда ва дар муҳлати муайянгардида

пешниҳод намудани ҳисоботи дақиқ ба мақомотҳои болоӣ.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *