ҲАМЕША БОҚӢ ХОҲАД МОНД НОМАТ ДАР ҶАҲОНИ МО (Нигоштаҳо ва суратгузориш аз таҷлили 80-солагии шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев)

 480 боздид

“ОРОМИИ ХАЛҚ АЗ ҲАЁТИ ШАХСИАМ ҚИММАТТАР АСТ”.

                                             Нурулло ҲУВАЙДУЛЛОЕВ

Имрӯз дар МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов бо ширкати меҳмонони олиқадр аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ашт чорабинии ёдбудӣ бахшида ба 80-солагии фарзанди фарзонаи миллат, нахустпрокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ҷараён гирифт.

Меҳмонон аввалан аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи ба ҳаёту фаъолияти Нурулло Ҳувайдуллоев бахшидашуда дидан намуданд.

Чорабиниро Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо оғоз кард. Ба меҳмонон барои ташриф ва ширкат дар чорабинӣ изҳори сипос карда шуд.

—Ёд кардан, пос доштан ва арҷ гузоштан аз кору пайкори фарзандони арзанди Ватан офият ва аз хотир баровардани фидокориҳои онҳо офат аст,—гуфт Раиси ноҳия.

—Имрӯз  80-умин солгарди зодрӯзи яке аз фарзандони олимақоми миллати тоҷик, ки зодаву парвардаи домони Аштзамин аст, таҷлил мегардад. Нафаре, ки тамоми умр барои ҳифзи арзишҳои меҳанаш, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, аз ҳама беш арҷ гузоштан ба қонунҳои Ватан мубориза бурдааст ва ахиран ба хотири бори дигар собит намудани иқтидори беназири қонун ва адолат қурбон шудааст. Оне, ки риояи қонун мароми зиндагиаш буду ҳаёташ намунаи ибрат, нияташ нек, дасту дилаш пок, равонаш орӣ аз нафс, суханаш ҳақ. Нафаре, ки ҳатто сари зону ва рӯ ба рӯ бо марг аз ҷонфидоӣ заррае наҳаросид ва ҳамон лаҳзаҳои ноҷавонмардона қатл шуданаш ҳам ростиву покиву адолат ва ҳақиқат дар забонаш буд.

Душманонаш меҳаросиданд, аз нигоҳу назари ҳақиқатҷӯёна, аз муборизи роҳи адлу инсоф буданаш, меҳаросиданд, ки рӯзе ин инсони ҳақиқатдӯсту ҳақиқатгӯ рӯзе ниқоб аз рӯйи онҳо мебардорад…Оре, ӯ шаҳид гашт, дар роҳи ҳақиқат, адолат, асолат, эҳтирому пиёда кардани ҳамаи нуктаҳои қонун. Аммо ёди ӯ ҳамешагӣ дар дилу дидаҳои мардумаш ҷо гирифта. Ҳама бо некиву эҳтироми беандоза ёдаш мекунанду дар ҳаққаш дасти дуо мебардоранд. Магар аз ин умри дарозтаре ҳаст?

Дар чорабинӣ ҳамчунин нафарони зиёд, аз ҷумла, ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ, собиқадори мақомоти прокуратура М.Хайруллоев, намояндаи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, генерал-майор Б.Муминзода, корманди шоистаи ҶТ, собиқадори меҳнат Баҳриддин Ахмедов, намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд Таваккал Файзуллоев, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, фарзанди шодравон Н.Ҳувайдуллоев Фурқат Ҳувайдуллоев, собиқадори мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Фаррух Абдулло сухан гуфтанд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, Нурулло Ҳувайдуллоев тамоми умри кӯтоҳ ва пурбаракати худро сарфи роҳи қонун кард. Вай баъди давраи хизмати мустақили судягиаш ба идораи давлатӣ омада, дар вазифаи масъул – мудири шуъбаи маъмурии Ҳукумат ва баъдан, ҷонишин ва мудири шуъбаи маъмурии Кумитаи марказии Ҳизби комунис­тии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ӯ дар Академияи илмҳои ҷамъиятӣ ҳамчун аспирант таҳсил карда, дар ин давра рисолаи номзадиро омода намуда, онро бо­муваффақият ҳимоя кард. Дар фаъо­лияти корӣ ҳамчун Прокуро­ри генералии ҷумҳурӣ, илмҳои ҳуқуқши­носии дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъият­ши­но­сии ш. Москва омӯхтаашро дар таҷриба татбиқ намудааст. Давраи сарварии Н. Ҳувайдул­ло­ев ҳамчун Прокурори генералии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар интихоб, ҷо ба ҷо гузории кадрҳо, қабули онҳо ба мақомот низ тағиротҳои куллӣ ба амал ома­да буд.

Ҳангоми интихоби кадрҳо диққати асосӣ ба саводнокӣ, кор­донӣ, таҷ­рибаи корӣ, таҷрибаи роҳбарӣ, поквиҷдонӣ, покдилии корманд дода мешуд. Рӯзҳои душанбе дар вақти гузаронидани маҷлиси ҳафтавор дар назди Проку­ро­ри генералӣ ба бастҳои холӣ аз ҷониби шуъбаи кадрҳо 3-4 нафарӣ кор­кунони дар захи­раи кадрҳо буда, ҳамчун номзадҳо пешниҳод карда ме­шуданд. Номзадҳо аз ҷониби ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳо, мавриди баррасӣ қарор дода мешуданд ва баъдан ба овоз мемонданд ва кормандоне, ки овози зиёд мегирифтанд, ба маҷлис даъват карда шуда, розигии онҳо ба вазифаи пешбинишуда,гирифта мешуд ва дар асоси фар­монҳои Прокурори генералӣ ба вазифаи проку­рори шаҳру ноҳияҳо, сар­дорони раёсату шуъбаҳои прокуратураи вилоят­ҳо ва дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ таъин карда мешуданд.

Н. Ҳувайдуллоев шахси шикастанафс, дурандешу хоксор, нисбати кор­мандон хушмуомила буд. Дар фаъолияти кории якҷоя бисёр воқеаҳоро ман мушоҳида кардам ва онҳо аз ёдам намераванд. Вақте ки собиқ Про­куро­ри ҷум­ҳурӣ Михайлин Г.С. аз ҷумҳурӣ ба Руссия кӯч баст, хонаи хизматии Прокурори ҷум­ҳури “коттедж” холӣ шуд, мо 2-3 нафар аъзои ҳайати мушо­вараи прокуратураи ҷумҳурӣ ба наздаш даромада, ба ӯ изҳор кардем, ки ба хонаи хизматӣ кӯчад. Вай дар ҷавоб чунин гуфт: ”Одамон бе хона гаштаанд, зиндагиашон вазнин бинобар ин, хонаро ба ягон шахси бе хона диҳанд. Ман хонаро намегирам.” Мошини хизматии Прокурори генерали кӯҳна ва фарсуда шуда буд, ронанда Мусоев Довуд тез-тез ба ман муроҷиат мекард ва онро таъмир мекардем. Рӯзе дар вақти суҳбат ба Н. Ҳувайдуллоев так­лиф пешниҳод кардам, ки автомашинаи хизматии нав хари­дорӣ намояд.Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Одамон дар кӯчаҳо пиёда, гу­русна, сарсону саргардон гаш­таанд ва мошинаи нав савор­шу­данро ба худ сазовор намешуморам.” Баъ­ди чанд рӯз мошинаи хизматиро дар заводи қисмҳои эҳтиётии Кони­бодом таъмир намуда, маблағашро гузарониданд.

Дар вақти таъмири автомашина бошад, Ҳувайдуллоев мошинаи фар­судаи хизматии Прокурори н. Варзобро (“Москвич”)-ро истифода мебурд. Батағйир ватаъмир кардани утоқи корӣ низ Н. Ҳувайдуллоев розигӣ надод.

Н. Ҳувайдуллоев дар хона низ зиндагонии хоксорона ме­бурд.Таъми­ри хонаи истиқоматиашро баъди кор худаш бо ҳам­роҳии рафиқонаш ба анҷом мерасонд. Ба тарбияи фарзандон дар оила диққати ҷиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи тозагии виҷдон, меҳмондӯстӣ, содиқ будан ба Ватан тарбия намуда, нисбат ба рафиқону дӯстон ва фарзандон ғамхору меҳрубон буд. Н. Ҳувай­дуллоев баробари забони тоҷикӣ, забони русиро низ ба дараҷаи олӣ бо тамоми нозукиҳояш медонист.

Нутқи пур аз эҳсосу самимият ва бозгӯкунандаи мардонагиву ҷасорати Нурулло Ҳувайдуллоев, ки аз забони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона гуфта шуд, бо қарсакҳои пурмавҷ ва эҳтироми беандоза пазируфта шуд. Шоира бо каломи мавзуну таъсирбахш бузургӣ ва арзандагии шодравонро хеле шевову пурмуҳтавову пуробуранг ба самъи ширкаткунандагон расонид, торҳои қалбҳоро нохун зад.

Наттоқи хушсадо Аслам Каримов шеъреро ҳадя намуд, ки банд-бандаш гӯё саҳфаҳои рӯзгори Нурулло Ҳувайдуллоевро бозгӯ мекард. Дилҳоро ба хурӯш оварду хотирҳоро пур аз хотира, ёдҳоро маскангузини номи фарзанди арзандаи диёр намуд.

—28 сол аст, падарам моро тарк кардаанд,—гуфт Фурқат Ҳувайдуллоев фарзанди шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев зимни баромадаш. –Он нафар на танҳо падари мо буданд, балки падари маънавии даҳҳову садҳо шогирдонашон, бародари чанди дигар, ҳоҷатбарори мардуми заҳматкаш, дардошнои халқи хештан, ҳамдаму ғамгусори дилҳои дардманд… Чӣ ифтихормандам, ки фарзанди чунин инсони нексиришту некрафтор ҳастам. Бузургии қиблагоҳро борҳо эҳсос кардаам, аммо имрӯз бори дигар собит гашт, ки он кас бо покиву иффату ҳақпарастӣ воқеан дар қалбу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Ба аҳли ташкилкунандагон изҳори сипос менамоям.

Сабти “Изҳороти Додситони кулли Тоҷикистон” аз 02.06.92 дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон М.Шодиев бори дигар нотарсиву якқавлӣ, мардонагиву ҷасорат ва муҳофизи қонун будани Нурулло Ҳувайдуллоевро бозгӯ намуд.

Агарчӣ рафтаӣ ҷисман баногаҳ аз миёни мо,

Ҳамеша боқӣ хоҳад монд, номат дар ҷаҳони мо.

Қисми фарҳангии чорабинӣ бо намоиши саҳнае бо унвони “Аз айёми кӯдакӣ то хатми мактаб” (дар бораи ҳаёти Н.Ҳувайдуллоев) оғоз гардид.

Тақдими сурудҳои пурмазмуну хушоҳанг дар мавзӯъҳои падар ва Ватан хушоянд буданд, ки чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.

Таҳмина МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.