Имрӯз, 30-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳи байни Шайдон-Кулихоҷа-Муломир ба истифода дода шуд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ зикр доштанд: “Имрӯз мо шоҳиди он гардидем, ки бо иқдоми неки сокинон ва соҳибкорони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон, инчунин бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар масофаи 2,4 км роҳи душворгузари куҳии деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир дар мавзеи “Қумбел” аз нав сохта, ба истифода дода шуда истодааст”.
Дар идома роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афзӯд, азнавсозии ин роҳи навбунёд барои мардуми мо як фоли нек аст. Аз нишонаҳои таърихӣ маълум аст, ки ин гузаргоҳ яке аз шохаҳои қадимаи роҳи “Абрешим” ба ҳисоб меравад. Аксар тоҷирон аз хориҷи кишвар ба воситаи ин роҳ то ба шаҳрҳои Тошканду давлатҳои Аврупо сафар кардаанд.
— Барои сокинони ноҳия боз хушбахтӣ он аст, ки бо иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Деҳаҳои Кулихоҷа ва Мулломир бо мавзеъҳои нотакрори худ, мисли “Надок”, “Сардоб”, “Пазмон”, ”Ченар”, ”Шерлоқ”, ”Милқӣ”, ”Бобои Четан”, ”Маздак”, ”Сарои хиштин”, ”Бурси якка” барои қабули сайёҳон ва меҳмонон хеле мувофиқ мебошад, аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар ин мавзеъҳо ҷойҳои оддии қабули сайёҳонро бунёд намоем.
Ёрмат Мақсудов, соҳибкори маҳаллӣ дар баромади худ иброз дошт: “Имрӯз барои кулли сокинони деҳаи Кулихоҷа ва Муломири шаҳраки Шайдон рӯзи фаромушнашаванда ва таърихист. Зеро орзуи деринаи мардум имрӯз амалӣ гашт. Мо сокинони деҳаи Кулихоҷа ва Муломир миннатдории худро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мерасонем”.
Инчунин Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар бунёди роҳ саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.
Бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинони деҳаи Кулихоҷа ва Муломир бо шукуҳу шаҳомати хосса бо шукргузори аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯзи байналмиллалро таҷлил намуданд. Аз тарафи бахши фарҳанги МИҲД ноҳия барномаи ҷолибу диданӣ манзури сокинон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки бунёди роҳи мазкур дар асоси лоиҳаи аз тарафи филиали дар вилояти Суғд будаи Институти лоиҳакашӣ, мувофиқи талаботҳои меъёрҳои роҳсозӣ бунёд гардида, харҷномаи маблағҳои истифодашуда 302,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин самт сокинони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ, маблағгузорӣ намуданд. Барои дастгирӣ дар бунёди ин роҳ аз тарафи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба миқдори 80 ҳазор сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Хароҷоти умумии корҳои сохтмонии роҳи навбунёди ин мавзеъ 286 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.