Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли мардуми ноҳияи Ашт вобаста ба даргузашти бармаҳали хоҳари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раҳмонова Қурбонбӣ тасаллияти хешро баён ва андуҳи ин талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат менамояд.
Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила, хешу наздикон ва ба бародари марҳум – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ намуда, ҳамзамон аз даргоҳи илоҳӣ хоҳони онро доранд, ки руҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.