Ҷамъбасти Ҷоми Раиси ноҳия оид ба волейбол

 926 боздид

Санаи 11 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ошоба мусобиқаи Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт оид ба волейбол ҷамъбаст гардид, ки дар он 13 дастаи варзишгарон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкурро мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Комрон Машарифов чунин қад кард: “Мақсад аз баргузории Ҷоми Раиси ноҳия оид ба волейбол ин ривоҷу равнақ додани волейбол дар ноҳия, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва оммавӣ гардонидани варзиш дар ноҳия мебошад”.

Мусобиқаи Ҷоми Раиси ноҳия оид ба волейбол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ баргузор карда шуд.

Дар мусобиқа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок варзида ба варзишгарон барору комёбӣ таманно намуд.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи Ҷоми Раиси ноҳия оид ба волейбол дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ дар деҳаҳо, мусобиқаи кушоди Ҷоми Раиси ноҳия оид ба волейбол дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ ва эълон гардидани Соли 2018 «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст гардид.

Ғолибон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.