Ҷамъбастӣ вохӯрӣ бо сокинон

 1 294 боздид

Имрӯз, 12-уми май бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ва cардори гуруҳи корӣ аз дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокиров Ҳусейн, сардори Раёсати Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Олимӣ Марҳабо, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар меҳмонон  дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷамъбастӣ вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонон баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳия Зариф Мирдадо суханронӣ намуда, меҳмононро ба ноҳияи Ашт хушомадед гуфт.

Сипас Баротзода Файзулло баромад карда гуфт: “Ҳарчанд дарТоҷикистон фаъолияти 17 созмони   ифротӣ аз ҷониби Суди олии кишвар манъ гардида бошад ҳам, вале ҳолатҳои гароиши ҷавонони деҳаҳои куҳӣ, ба ҳизбҳои фаъолияташ мамнӯъшуда ба қайд гирифта шудааст”.

Баротзода Файзулло дар идома афзуд, мо умед дорем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин макони зебоманзари кишвар низ, корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, таъмиру тармими роҳҳо оғоз хоҳанд шуд.

Баъдан, Олимӣ Марҳабо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа сухан гуфта, иброз дошт: “Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон барои тарбияи дурусти фарзанд талош намуда, фарзандони солим ва Ватандӯстро тарбия кардааст”.

Дар идомаи вохӯрӣ Сангалиев Маҳмуд оид ба яккамазҳабӣ дар ҷомеаи имрӯз баромад намуд.

Дар охир аз тарафи ҳунармандони Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ҳузур доранд, барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.