КАДБОНУҲОИ АШТӢ ДАР ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” ҒОЛИБИЯТ БА ДАСТ ОВАРДАНД

 449 боздид

Имрӯз дар тарабхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” бо иштироки намояндагони шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуд. Даври вилоятии он дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ҷараён гирифта буд.
Намояндагону кадбонуҳои беҳтарини вилоят барои ғолиб омадан дар озмун беҳтарин таомҳои худро пешниҳод намуда, ҳунари кадбонугиашонро муаррифӣ намуданд. Аз ноҳияи Ашт дар озмун ду нафар кадбонуи моҳири ноҳия—Баҳоваддинова Мадина (корманди шуъбаи маорифи ноҳия) ва Шодиева Шоира (омӯзгори литсейи №2) ширкат намуданд.
Ин буд, ки кадбонуҳои ноҳияи Ашт дар бахши “Номи дурусти таом, ғизонокӣ, фоидабахшӣ, таркиби таом ва мавриди истифодаи он бо навиштаҷот дар лавҳаҳо” ғолибиятро ба даст оварда, соҳиби ҷойи аввал, Дипломи дараҷаи 1 ва туҳфаи хотиравӣ (тафдони мавҷӣ) гаштанд.
—Аз ҳама муҳимаш он буд, ки кадбонуҳои мо имкон пайдо намуданд, дар даври ҷумҳуриявии озмун ширкат намоянд,—гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Обода Каримӣ. –Эътимод ва боварӣ дорем, дар ҷумҳурӣ низ бонувони аштӣ маҳорати кадбонугии худро бо намоишу пешниҳоди беҳтарин таомҳо муаррифӣ хоҳанд кард.
—Дастурхонамонро бо наздики 30 намуд таомҳои хушлаззату хушсифат ва 16 намуд таому пухтаниҳои аз алафу сабзаҳои табобатбахш омодашуда оро додем,—қайд намуд иштирокчии озмун Мадина Баҳоваддинова. –Аксарият ба таомҳои аз алафу сабзаҳо омодашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва писандашон омад, ки аз ин хеле мамнунем.
—Ширкат дар ин озмун бароям ифтихор аст,—гуфт иштирокчии дигари озмун Шоира Шодиева. –Чунки тавонистем ҳунару маҳорати кадбонуҳои моҳири аштиро барои сокинони вилоят муаррифӣ созем ва ғолиб гардем.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.