Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз

 3 288 боздид

Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Понғоз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз ёфт.Тибқи иттилоъи раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз Турсунзода Бахтиёр зиёда аз 240 метр, дар Понғозсой соҳилмустаҳкамкунӣ карда шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад. Зиёда аз 8 километр роҳҳо васеъ ва ҳамвор карда шуданд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Ҷамоати мазкур ташриф оварда, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дидан кард.

Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ саҳми сокинони ҷамоат низ назаррас мебошад. Хотирасон менамоем, ки барои корҳои барқарорсозӣ 500 метри квадрати симтурхалтта ба Ҷамоати деҳоти Понғоз тақдим карда шуд.

Инчуин дар маҳаллаҳои Муллоён, Устоён  ва Навбунёд ҳашари умумӣ оид ба ҳамвор ва васеъ кардани роҳҳо оғоз шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.