МАДАНИЯТИ МУОШИРАТУ МУНОСИБАТРО РИОЯ КУНЕМ

 800 боздид

Боиси қаноатмандист, ки ҳафтае ду маротиб, рӯзҳои чоршанбе ва шанбе Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо шаҳрвандонро қабул мекунад, ба арзу шикояти онҳо гӯш медиҳад, мушкилоти онҳоро қадри имкон ҳал месозад. Ин бори дигар аз таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини зиндагии осудаву осоиштаи мардум дарак медиҳад.

Аммо…

Ин ҷо маром маданияти муоширату муносиботи сокинони ноҳия аст. Ҳарчанд матлабе, ки ин ҷо бозгӯ мешавад, дар назар ҷузъӣ менамояд, аммо тасмим гирифтем ибрози назар созем.

Мо дар асри бисту як зиндагӣ дорем, солҳои вазнину бесарусомони навадум паси сар шуданд. Ин замон зиндагиву рӯзгор дар кишвар ва ҳам ноҳияи мо мароми худро дарёфтааст. Дар хотир бояд дошт, ки мардуми тоҷдори тоҷик аз азал соҳиби маданияту тамаддуни ибратомӯз буданд ва ҳастанд, чӣ дар муоширату муносибат ва чӣ тарзи либоспӯшӣ.

Шаҳрвандоне, ки ба қабули сарвари ноҳия меоянд, бояд ба ин масоил як каме диққат диҳанд. Охир, онҳо ба саҳро намеоянд-ку. Ба қабули симои аввали ноҳия меоянд. Бо либосу пойафзоли ифлос, намуди нозеб омадан ба бинои ҳукумат пазируфтанӣ нест. Ба болои ин ҳама маданияту муоширати баъзе аз сокинон ончунон паст аст, ки қалам аз тасвираш оҷиз аст. Одоби салому хайр, ки ҷузъитарин муаррифгари инсон аст, аз ҷониби аксар риоя намешавад. Майдагапӣ, ба эҳсос дода шудан, бо овози баланд сухан кардан, сухани ҳамдигарро буридан, фаҳмидан нахостан ва дигар намоиши хислат ҳар нафареро, ки он ҷо менишинад, ба шигифт меорад. Ҳастанд шаҳрвандоне, ки бо тамоми овоз толорро ба сар мебардоранд, гӯё ба ҷуз онҳо дар толор касе нест, ва ё фақат онҳо мушкил доранд ва мушкилашон бояд ҳамон замон дар муддати кӯтоҳ ҳал гардад. Хуб мешуд, агар тавони эҳтироми дигаронро надоранд, ақаллан худашонро эҳтиром кунанд!

Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист. «Зоғеву доғе» гуфтаанд. Магар инсоне ҳаст, ки бе ғаму ғуссаву мушкилӣ зиндагӣ кунад? Зиндагӣ майдони мубориза аст ва танҳо оне, ғолиб меояд, ки ин ҳама санҷишҳои онро сабурона паси сар созад, на бо дӯғу доду войи бенатиҷа!

Мушкили дигар ин аст, ки аксари шаҳрвандон аввал ба ҷойҳои даркорӣ ва ё раисони ҷамоатҳо муроҷиат накарда, рост назди сарвари ноҳия меоянд. Мушкили баъзе аз онҳоро метавон дар сатҳи ҷамоат ва ё идораву муассисаҳо бо дахолати раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ё сардорони корхонаҳо ҳал кард.

Аммо, не! Шаҳрвандон ё аз надонистани ҳуқуқҳои худ ва ё аз эътимод накардан ба раисони ҷамоатҳо назди Раиси ноҳия ташриф меоранд.

Дуруст аст, ки дар Паёми имсолаи хеш Пешвои муаззами миллат гуфтанд: «Мо ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо!» Аммо мо, сокинонро низ мебояд, ки аз ҳуқуқҳои додаи кишвари хеш сӯйиистифода насозем. Мо низ сазовори самимияту таваҷҷуҳи давлату ҳукумати хеш бошем! Баъзан ба худ суол диҳем, ки мо барои ин Ватан чӣ кардем?

 

Таҳмина МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.