Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оила, байни ҷавондухтарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт, чорабинии идона зери унвони “Канӣ духтарон!”, дар сатҳи муассисаҳои таълимии ноҳия, баргузор шуда истодааст.
Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, дар чорабинӣ, ки бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони гимназияи №1 дар туйхонаи «Аҳмадҷон», баргузор карда шуд, иштрок намуд ва иштирокдоронро ба муносибати Иди байналмиллалии Наврӯз таҳният гуфт.
Обода Каримӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба мо иттилоъ дод мақсад аз баргузории чорабинӣ ин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омода сохтани хӯрокҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, омода кардани ҷавондӯхтарон ва оиладорӣ, намоиш додани маданияти либоспӯши ва меҳмондории тоҷикона мебошад.