Мулоқоти Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе

 441 боздид

Санаи 11 майи соли ҷорӣ  дар Чойхонаи “Роҳат”-и шаҳри Душанбе мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо донишҷӯёни ноҳияи Ашт, ки  дар донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад,  муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ашт Баҳриддин Зиёӣ ва зиёда аз 300 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ қайд кард, ки ҳоло дар муассисаҳои олӣ ва касбии шаҳри Душанбе 733 нафар, дар хориҷи дуру наздик  235 нафар (аз он 36 нафар духтарон) таҳсили илм мекунанд.

-Теъдоди ҳарсолаи донишҷӯён афзун гардида, хатмкунандагони ин даргоҳҳои муқаддас бо бо ҷойҳои корӣ дар ҳудуди вилоят ва ноҳия бо кор таъмин мегарданд.

Дар идомаи баромадаи худ Роҳбари МИҲД-и ноҳия афзӯд, ки имрӯзҳо на ҳамаи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мо дониши мукаммал доранд.

-Мо дар ноҳия ба муттахассисони баландихтисоси равоншинос, асабшинос, рентгенолог, неонатолог ва нарколог ниёз дорем ва умед мекунем, ки аз байни Шумо донишҷӯён чунин муттахассисон тарбия меёбанд.

Баъдан мубодилаи афкор байни донишҷӯён ва Роҳбари МИҲД-и ноҳия сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир  ба 50 нафар донишҷӯ кӯмакпулии яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тақдим гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *