Мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Федератсияи футболи ноҳияи Ашт”

 825 боздид

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, шуруъ аз санаи 6 феврали соли ҷорӣ дар ноҳия, мусобиқаи футбол, барои дарёфти “Ҷоми Федератсияи футболи ноҳияи Ашт” ва “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт” гузаронида шуда истодааст.

Тавре ба мо Ҷамшед Насриддинов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод, мақсад аз баргузории мусобиқа ин пеш аз ҳама тарғиби рушди футбол дар ноҳия, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон, дарёфт намудани варзишгарони лаёқатманд барои дастаи яккачини ноҳия, гузаронидани мусобиқа аз рӯи қоидаҳои FAIP PLAY  ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқа 22 даста аз маҳаллаҳо, деҳот, шаҳрак ва корхонаву ташкилотҳо иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа то санаи 12 феврали соли ҷорӣ идома меёбад ва ғолибон бо Ҷом, медал ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Федератсияи футболи ноҳияи Ашт сарфароз гардонида мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.