Мусобиқаи волейбол дар деҳаи Кулихоҷа

 231 боздид

Санаи 6 марти соли равон дар майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 деҳаи Кулихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол оғоз гардид, ки дар он 16 дастаи варзишгарон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияҳои Ашт, Конибодом ва шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Мусобиқаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ дар деҳаҳо мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол дар деҳаи Кулихоҷаи ҷамоати шаҳраки Шайдон бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ ва эълон гардидани Соли 2018 «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» оғоз гардид.

Дар мусобиқа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия варзида ба варзишгарон барору комёбӣ таманно намуд.

Мусобиқаи ноҳиявии волейбол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ доир карда шуда то санаи 8 март идома меёбад.

Мавриди зикр аст, ки чунин мусобиқа санаҳои 10- 11 март дар деҳаи Ошоба бо дастгирии МИҲД-и ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш ва соҳибкорони маҳаллӣ баргузор мегардад.

Инчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чорабинии идона бахшида ба истиқболи Рӯзи Модар, дар деҳаи Муломир иштирок намуда, бонувон ва занонро табрик намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *