Нақшаи даъват дар баъзе ҷамоатҳо ташвишовар аст

 919 боздид

24 апрел  дар МТМУ №2 маҷлиси васеъ бо омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед иштирок намуданд.

Тавре дар маҷлис иттилоъ дода шуд, то ҳол нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се ҷамоат Понғоз, Ашт ва Шодоба пурра иҷро нашудааст.

Зариф Мирдадо дар маҷлис таъкид дошт, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар соли 2016 дар ноҳия барзиёд иҷро гардида бошад ҳам, вале дар ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Понғоз ва Шодоба иҷро нагардидааст. Имрӯзҳо низ ҳолати даъвати баҳории соли 2017 дар ин ҷамоатҳо ташвишовар мебошад.

Дар охир барои пурра иҷро шудани нақшаи даъват дар ҷамоатҳои зикршуда ба омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ ва масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин гуруҳи 80 нафараи ихтиёрии ҷавонон аз ноҳияи Ашт ба хизмати ҳарбӣ санаи 5-уми апрел сафарбар шуда буд.

Сайидои ШОДӢ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.