Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ (чандрасонаӣ)

 1 470 боздид

25 апрел дар чойхонаи миллии ноҳияи Ашт мизи гирд дар мавзӯи тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ доир шуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, шуъбаи ВКД дар ноҳия, прокуратураи ноҳия, имомхатибони масҷидҳо ва омӯзгорон ширкат варзиданд.

Нахуст мизи гирдро муовини раиси ноҳияи Ашт Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки  баррасии масъалаи ифротгароӣ ва омилҳои пайдоиши он дар ноҳия саривақтӣ мебошад.

Баъдан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Зафар Мамадҷонов оид ба масъалаҳои марбут ба равияҳои тундрав суханронӣ кард ва гуфт, ки яке аз омилҳои пешгирии гаравиши ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Солҳои қаблӣ 42 нафар сокини ноҳияи Ашт дар хориҷи кишвар таҳсили ғайрирасмӣ мегирифтанд, аз ин шумора 20 нафарашон то дастури Сарвари давлат ва 19 нафарашон баъди дастури роҳбари кишвар ба Ватан баргаштанд. То ҳол 3 нафари онҳо дар хориҷ қарор доранд.

Ифротгароӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динӣ асоси гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Имрӯз дар ВАО ифротгароиро экстремизм, тундравиро радикализм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Муттассифона, аз ноҳияи мо низ сокинон шомили равияҳои ифротгаро гардида, дар ҷангҳои мусаллаҳона ширкат доранд. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида, аз ноҳияи Ашт аз соли 2005 то 2014 ба “Ҳаракати исломии Узбекистон” 32 нафар шомил гардида,  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. 27 нафар дар кофтукови расмӣ буда, онҳо дар ҳайати гурӯҳҳои террористии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Покистон қарор доранд. Дар муҳорибаҳои Сурия 7 нафар ҷавонони мо иштирок доранд, ки онҳо аз ду оила, 2 нафар зан, 3 нафар ноболиғ аз ин теъдод 4 нафарашон фавтидаанд,-иброз дошт З. Мамадҷонов.

Дар мизи гирд оид ба тундгароии динӣ, омилҳои пайдоиши он ва ҷараёни салафия андешаҳои имомхатибон, муттахассисон ва омӯзгорон шунида шуд. Мақсад аз баргузории он тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароии динӣ дар ноҳия, пурзӯр намудани корҳои таблиғоти оид ба пешгири кардани сокинон аз равияҳои хусусияти террористӣ дошта, фаҳмонидани моҳияти дини Ислом ба сокинон аз ҷониби имомхатибон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти тундгароӣ арзёбӣ шуд.

Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и ноҳияи Ашт дар мавриди фаъолияти масҷидҳо гуфт, ки айни ҳол дар ноҳия 66 адад масҷидҳо аз қайди давлатӣ гузаштаанд. Аз ин шумора 1 адад масҷиди марказии ҷомеа, 5 адад ҷомеа ва 60 адад масҷидҳои панҷвақтанамоз мебошанд. Ҳоло  бошад 3 масҷиди ҷамоати деҳоти Понғоз бо аризаи ҳайати муассисонашон ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Омӯзгори МТМУ №65 ҷамоати шаҳраки Шайдон Эраҷ Қурбонов  мегӯяд, ки тӯли 11 сол дар муассисаҳои таълимӣ ба хонандагон таълим медиҳем, аммо онҳо дар як муддати кӯтоҳ фирефта мешаванд.

 

Дар охири мизи гирд ҳама иштирокдорон вазифадор гардиданд, ки барои аз байн бурдани омилҳои номатлуби равияҳои тундгаро дар маҳалҳои осебпазири ноҳия таблиғотро пурзӯр намоянд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Як тафсир

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.