Нишасти матбуотии раиси ноҳия баргузор шуд

 920 боздид

Имрӯз, 21-уми июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт нишасти матбуотии раиси ноҳия баргузор гардид. Дар он кормандони ВАО-и ноҳияи Ашт иштирок намуданд.

Зариф Мирдадо раиси ноҳияи Ашт оид ба фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2017 маърӯза намуд.

Гуфта шуд дар нимсолаи аввали соли 2017 дар ноҳия барои таъмиру тармими роҳҳо диққати махсус дода, асфалтпӯш кардани роҳҳои маркази ҷамоатҳои ноҳия аз гардиши деҳаи Қаҳрамон оғоз гардид. Барои асфалтпӯш намудани зиёда аз 20 километр роҳи 9 ҷамоати ноҳия зиёда аз 9 миллион сомонӣ маблағ аз буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон барои аз таъмири ҷорӣ баровардани роҳи Ашт-Хуҷанд аз ҷониби раиси вилояти Суғд 1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2017 хишти аввали бинои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт гузошта шуд, ки он тариқи ҳашар бунёд мешавад. Ҳоло бошад корҳои сохтмонии бинои МТИ босурат ҷараён дорад.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳолати бозорҳои ноҳия, таъмири роҳҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз аҳамияти хоса зоҳир намуда, аз раиси ноҳия ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.