Нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Пешвои миллат ба сокинон фаҳмонида шуд

 1 156 боздид

12 январ, дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба фаҳмонидани нуктаҳои муҳими Паëми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатов Ҷумахон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар, Шоев Абдураҳим, мудири шуъбаи омор ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон,  Ҷалолзода Саидҷамол , прокурори калони шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд, Нодира Мирзозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ бо 800 кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад дар бораи нуктаҳои муҳими Паëми солонаи Пешвои миллат дар назди ҳозирин баромад намуда, таъкид дошт: «Паëми солони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми мантиқии паëмҳои қаблӣ мебошад. Дар ин паëм Пешвои миллат дар бораи таърихи 25 соли истиқлоли кишвар ҳарф зада, вазифаҳо ва нақшаҳои солҳои минбаъдаро муайян намуданд. Дар Паëми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҷабҳаи бисëр муҳими кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва таъмини озуқавории хоҷагии халқ ҳарф зада, таъкид доштанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо вуҷуди мушкилиҳои зиëд тавонист устуворона пеш равад. Ин ҷост, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ нерӯгоҳҳои обии кишвар таҷдид гардиданд, ки барои таъмини некуаҳволии мардум бо қувваи барқ дар фасли сармо мусоидат мекунад».

Х. Азизмуҳаммад дар идома гуфт, буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол афзуда, аз ин ҳисоб маоши хизматчиëни давлатӣ, нафақа ва стипендияи донишҷӯëн дар соли 2016 аз 20 то 30 фоиз боло бурда шуд.

Ҷумъахон Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар гуфт: «Имрӯз сафи хизматчиëни давлатӣ аз ҳисоби занон 23 фисадро ташкил медиҳад, ки кам мебошад. Кӯшиш мекунем сафи бонувонро дар корҳои давлатӣ афзоиш диҳем».

Гуфта шуд зимни ироаи Паëм Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон мебошад.

Чунин вохӯрӣ ва мулоқоти судманд дар ҷамоати деҳоти Шодоба, Меҳробод, Ифтихор, Ашт, Понғоз, Пунук, Ориён ва Ифтихори ноҳия гузаронида шуда, паҳлуҳои муҳими Паём ба сокинон фаҳмонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.