Соли 2016 як қатор иншоотҳои муҳим дар ноҳия бунёд гардиданд

 895 боздид

Имрӯз, 18 январ, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ доир гарди.

Дар он намоянда аз МИҲД вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раисони ҷамоатҳои ноҳия ва намояндагони ВАО-и ноҳия ширкат варзиданд.

Нахуст, Зариф Мирдадо дар назди ҳозирин аз тамоми фаъолияти соҳаҳо дар соли 2016 натиҷагирӣ намуд.

Зариф Мирдадо зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар соли 2016 дар ҳудуди ноҳия як қатор иншоотҳои муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ба истифода додани Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо харҷи 28,7 миллион сомонӣ бо 800 ҷойи нишаст ва азнавбарқарор намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷамоати Понғози ноҳия далели ин гуфтаҳост. Ҳамзамон, аз ҷониби ҷамъияти матлуботи ноҳия бо дастгирии “Тоҷикматлубот” чойхонаи замонавӣ бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ бо 174 ҷойи нишаст дар шаҳраки Шайдон бунёд гардид.

Зариф Мирдадо таъкид дошт, дар ноҳия 74 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, 1 адад литсей, 4 гимназияҳо ва 1 адад мактаби хусусӣ фаъолият мекунанд.  Дар муассисаҳо 30 ҳазору 845 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии омӯзгорон дар ноҳия 2 ҳазору 250 нафарро ташкил медиҳад.

Дар соли 2016 85 нафар хонандагони мактабҳои ноҳия дар олимпиядаи вилоятӣ аз рӯи 13 номгӯи фанҳо ширкат варзида, 6 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Дар ноҳия барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсол намудани матои атласу адрас 11 Марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият мебаранд.

Зимни нишасти хабарӣ Зариф Мирдадо бо нигаронӣ гуфт, шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, мунтазам дар ҷамоатҳои ноҳия суҳбату мулоқотҳо доир мекунад.

Дар охир ба саволҳои ҳозирин Зариф Мирдадо посух дода гуфт, барои бартараф намудани камбудии ҷойдошта, дар таваллудхонаҳои ҷамоати Понғоз, бозори деҳаи Бободархони ҷамоати номбурда, ройгон аз муоина гузаштани навхонадорон, босифат ба беморон расонидани хизмат ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.