Санаи 18 майи соли 2021, дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли равон, №100 бо мақсади дар амал татбиқ намудани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳавасманд намудан, дар маҷмӯъ баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ дар муассисаи давлатии маркази таҳсилоти иловагии ноҳия бо иштироки муовини Раиси ноҳия оид ба ичтимоиёт Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода, роҳбарият ва кормандони нозироти андоз дар ноҳия ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” аз рӯи ду наминатсия, наминатсияи расми беҳтарин “Андоз аз нигоҳи наврасон” ва наминатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.
Дар охири чорабинӣ ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми ҳар як наминатсия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуда, ғолибони ҷойҳои якум барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.