Санаи 18.05.21 баҳри иҷрои Қарори Раиси ноҳия, аз 16.04.2021, №180 оид ба гузаронидани озмуни ноҳиявӣ «Ғунчаҳои Умед» бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи байналмилалии «Ҳифзи кӯдакон» дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, муассисаҳои давлатии таълимии томактабии №4 ба номи «Сафина» ва муассисаи давлатии таълимии томактабии №18 Ҷамоати деҳоти Шодоба ба номи «Гулдаста» даври минтақавии озмун аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории озмуни ноҳиявӣ баланд бардоштани фавъолияти муассисаҳои томактабӣ, густариши ҳамкориьои тарафайн, ташаккули ҷаҳонбинӣ, худфаъолиятӣ, эҷодкории кӯдакон бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар озмун муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, падару модарони тифлакон, мураббияҳо ва тарбиятгирандагон иштирок намуданд. Кӯдакон тавонистанд маҳорати шеърхонӣ, сурудхонӣ, раққосагӣ ва тақлидкории худро бо маҳорати баланди кӯдакона намоиш диҳанд. Инчунин дар номинатсияи намоиши либосҳои миллӣ ва замонавӣ кӯдакон либосҳои шинаму зеборо дар таҳти мусиқии маҳину кӯдакона намоиш доданд. Беҳтаринҳо ба озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Боиси қайд аст, ки тарроҳон худи модарони тифлакон мебошанд.